​Сомилҳои коррупсия ва роҳҳои мубориза бар муқобили он

Мувофиқи тадқиқотҳои мутахассисон омилҳои зерин боиси зуҳуроти амалҳои коррупсионӣ мегардад:

  • Қонунҳое, ки ду маъноро ифода менамояд;
  • Паст будани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон;
  • Вазъи ноороми сиёсии мамлакат;
  • Вайроншавии тамоюли ягонагии ҳокимияти иҷроия.

Дар мамлакатҳои ҷаҳон чунин роҳҳои муқовимат бо коррупсия мавҷуд аст:

  • Назорати дохилӣ – роҳи мазкур бунёди сохторҳои назоратиро дар аппарати идоракуниро тақозо менамояд. Вазифаи асосии он пеш аз ҳама назорати риояи қоидаҳои этикети дохилӣ аз ҷониби кормандон.
  • Назорати беруна- усули мазкур таъмини мустақилияти сохторҳои аз аппарати иҷроия мустақил ба ҳисоб рафта, яке аз воситаҳои пурсамари мубориза бо коррупсия мебошад. Таъмини дараҷаи максималии мустақилияти судҳо ва ВАО.
  • Мубориза бо роҳи интихобот- яке аз роҳҳои асосии ҷазо барои порахурӣ ба вакилон, ин овоз надодан ба ӯ дар интихоботҳои минбаъда. Гузоштани таъсир ба коррупсия бо воситаи интихобот воситаи самарабахш ба ҳисоб меравад.

Швеция, Сингапур, Гонконг, Португалия давлатҳое мебашанд, ки дар мубориза бар муқобили коррупсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Ин кишварҳо бо бартараф намудани омилҳои коррупсия ба чунин дастовард расиданд.

Давлаи Сингапур дар давраи эълониистиқлолияти миллӣ соли 1965 дар қатори давлатҳои дараҷаи коррупсияхеле баланд қарор дошт. Тадбирҳое, ки дар мамлакат барои мубориза бо коррупсия амалӣ гардид, боиси паст гаштани ин падидаи номатлуб гардид. Пеш аз ҳама дар кишвари мазкур ҷараёнҳои бюрократӣ сабук гашта, мустақилияти судҳо таъмин гардид. Инчунин ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр гашта, ба шаҳрвандоне, ки аз ҳамкорӣ дар фош сохтани амалҳои коррупсионӣ саркашӣ менамуданд санксияҳои калони молиявӣ ҷорӣ гардид. Дар як қатор ташкилотҳои далатии осебпазир “поккори”-и оммавӣ доир гашта, тариқи телевизион намоиш дода шуд. Дар натиҷаи ин ва дигар чораҷӯиҳо Сингапур ба яке аз давлати пешрафта табдил ёфт.

Таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар мубориза бар муқобили коррупсия пурзӯр намудани ҷазо роҳи ҳалли мауаммо нест. Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас пеш аз ҳама баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ба воситаи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, пурзӯр намудани фаъолияти институтҳои шаҳрвандӣ зарур мебошад.

Абдукаримов Ҷамолиддин- муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ