​Кабирӣ ту куҷову машварат куҷо?

Ҳоло мардуми шарафманди Тоҷикистон халқи сарбаланду қавиирода буда, баҳар гуна маслиҳату машваратҳои ғаразнок бовар намекунанд. Халқи тоҷик сиёсати босуръат руштёфтаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад ва мекўшад, ки бо меҳнати софдилонаи худ кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳад.

Муҳиддин Кабирӣ ки ҳоло роҳабари ТТЭ Паймони миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, бо гузоришҳои гуногун ба мафкураи ҷавонони муҳоҷир нисбати пешравии Тоҷикистон бо ҳар баҳона таъсир мерасонад. Дар гузориши охирини худ, ки дар мавзӯи “Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар дар сояи коронавирус: чанд пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон дорад, ки бо истифода аз мусибате, ки ба сари аҳли башар омадааст, суҳбат мекунад. Дар ин гузориш Муҳиддин Кабирӣ чун ҳамеша барои муайн кардани мевқеи сиёсии худаш суҳбат мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ аз пешниҳоди чунин гузоришҳо мақсад дорад, ки бо истифода аз ҳамаи захираҳои ҳизб ва пайравону авлоду аҷдодаш худашро чун элитаи сиёсии муосир муаррифӣ намояд.

Дар порае аз суханрониаш Кабирӣ худашро сиёсатмадори варзида ҳисобида ба сиёсатмадорони Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории ҳамагир КОВИД-19 машварат медиҳад. Ин дасисакор аз дур истода роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсиро нишон дода ва бин восита худашро як нафари дилсуз ба миллати тоҷик муаррифӣ мекунад. Мутаассифона халқи тоҷик баъди кирдору рафтору гуфторе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аён гардид, дигар ба машварату маслиҳати ту ниёз надорад. Дар Тоҷикистон аз ту беҳтар маслиҳатгару машваратгарони касбӣ ҳастанд, ки ҳар яке барои беҳтар шудани вазъ дар кишвар тадбирҳои гуногунро андншида истодаанд.

Ш. Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ