Ноором кардани вазъ тариқи шабакаи интернет
Вазъи феълии ҷаҳон ва барномаҳои сиёсии кории қудратмандон аз давраҳои қадим ҳатто то ба қарнҳои гузашта куллан фарқ доранд ва ҳатто серхатару сернайранг гардидаанд. Хоса офаринишҳо ва ё бузургтарин дастовардҳои инсонӣ, ки дар қарнҳои 20 ва 21 рӯи кор омадаанд, заминаи пиёда намудани барномаҳои сиёсии гурӯҳҳо ва ё ба миён овардани майдони бозиҳои сиёсӣ заминагузор шудаанд, ки шабакаи ҷаҳонии интернет дар зинаи аввал қарор гирифтааст.
Шабакаи интернет дар баробари он ҳама хислатҳои мусбӣ ва чандин маротиб содда намудани мушкили ҷомеа башарӣ, ҳамзамон ба унсури таблиғи назарот ва ақоиди вабои замон терроризму экстремизми динӣ ва дигар проблемаҳои инсонӣ гаштааст.
Ёдоварӣ намудан аз найрангҳои замона ва хиёнату аз паси манфиати шахсӣ афтодани баъзе аз нафарон бар он маъност, ки мутаассифона маҳз чунин хиёнатпешагӣ боис гаштааст, ки миллати тоҷик дар масири таърих ба шикастҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад ва ҳатто баъд аз наздики ҳазор соли бедавлатӣ дар бомдоди Истиқлолияти комили миллӣ боз ҳам хиёнату зархаридии як гурӯҳ нафарони зиёдеро дар ҷомеа ба гумроҳӣ бурд. Аммо, таассуфовар он аст, ки то ба ҳол чунин хиёнатпешагӣ маҳз аз ҷониби гурӯҳе, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гушт, идома дорад ва он ҳам аз беруни кишвар. Дар ин гурӯҳ шомил мешаванд Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Зайд Бобоев, Шарофиддин Гадоев ва даҳҳо беватанону бешарафон
Имрӯз хурду бузурги ҷомеаи тоҷик хиёнати чунин афродро намебахшанд.
ШАҲРЗОД