​М.Кабирӣ: Аввал гиребони худ бибуй, баъд айби дигарон биҷӯй!

Ба баъзе инсонҳо посух додан хеле душвор аст. Зеро худ чунон дурӯғ мегӯянд, ки гӯё худ бегуноҳ ҳастанду ҳамеша пешакунандаи росткориянд. Муҳиддин Кабирӣ зимни сӯҳбати онлайниаш аз муаммо ва ё гӯё аз ғайридемократӣ гузаштани интихоботҳои қаблӣ дар давраи фаъолияти ҲНИ нақл мекунад. Мисоли равшан ва аз ҳолати воқеӣ нақл мекунам. Соли 2005 ҳангоми интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра қонунан якчанд ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, дар интихобот ширкат намуда буд, ки яке аз онҳоро ҲНИ (ҳозира ташкилоти экстремистӣ-террористӣ) бо фоизи тарафдорони пасттаринаш ташкил медод. Дар яке аз мулоқотҳои номзадҳои пешниҳодшудаи аҳзоби сиёсӣ бо шаҳрвандон дар ҳамон давра ҲНИ фаъолияти пинҳонӣ доштанд, ки аксари мардум онро медонанд. Чунон фаъолият мекарданд, ки иштирокчиёни толорро бо нақлиёти тамғаи “Газел” оварда, маҷлисгоҳро пур мекарданд ва бо мардуми оддӣ-интихобкунандагон нею бо аъзоёни фиребгари худ фаъолият ва ҳизби нодаркорашонро байни худашон хандаовар таблиғу ташвиқ менамуданд. Дар ҳоле, ки онҳо барномаи пешазинтихоботии худро мефаҳмониданд. Фиреби рӯирости наҳзатиён дар чанд мулоқоту вохӯриҳо идома ёфт ва дарк кардам, ки ин хокпошӣ ба чашми мардум буд ва инро дурӯғгӯӣ ва мардумфиребӣ мегӯянд. Имрӯз бо даҳони пур Муҳиддин Кабирӣ аз интихоботи даҳсолаҳои гузашта норизогӣ баён мекунад. Дар ҳоле, ки худ ҳамчун вакил интихоб гардида буд ва муддати муайян дар парлумон фаъолият дошт. Аммо суханаш бо амалаш рост намеояд. Солҳои охир чунон мардум норозигӣ аз Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби мамнӯи ӯ карда буданд, ки дар натиҷа, тарки толор намуд ва ё худро маҷбуран назди мардум чун рӯбоҳи маккор нигоҳ медошт, ки ҳамаи онро таърих нахоҳад бахшид.

Агарчи аъзои онҳо ин корҳои фиребро анҷом медод пас дар қафои он боз Муҳиддин Кабирии ҳиллагар меистоду ҳамсафонашро роҳнамоӣ месохт. Лек муваффақ намешуданд, ки дар натиҷа, радди маъракаву радди давлату миллат гардиданд, ки имрӯз дар хориҷи кишвар ҷой гирифтаанд.

Хулоса метавон кард, ки пеш аз касеро ва фаъолияти ин ё он ташкилоту муассисаро қаноатбахшу ғайриқаноатбахш ва ё баҳои воқеӣ додан гиребони худро бибӯй пас айби дигарон биҷӯй. Ин иддае ва як лаҳзае аз амалҳои ношоистаи Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ҷинояткору хиёнаткоронааш мебошад.

Мо Тоҷикистони азизамонро бо ҳастиаш ва бо сарвари оқилу ваҳдатшиораш дӯст медорему пеш хоҳем рафт.

Тоҷикистони азизам зинда бош!!!

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ