Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст
Вақте ки хиёнат мегӯем, дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кин мегирад. Ва бешак дар он девор амали афроде падид меояд, ки баҳри луқмаи ноне, ки як зани мушти пар низ метавонад, бо меҳнату заҳмат ва арақи ҷабин пайдо кунад, бузургтарин муқаддасот, ноёфттарин неъмат, онеро, ки миллионҳо дар ҳасрати як мушт хокашанд, ганҷинае, ки аз азал дар васфи бузургиаш шеъру суруд сароиданду иншо кардан ва ҳоло ҳам кам аст Ватанро мефурӯшанд. Оре, хонандаи гиромӣ, маҳз барои луқмаи нон. Танҳо ва танҳо барои бурдае ноне беномусу бевиҷдону сифла мегарданд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ маҳсуб намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад. Аммо наметавон тасаввур кард, ки баъди аз пистони модар шир хӯрдану онро аз даҳон берун кардан, ба рӯи он тӯф кард. Ҳатто ин манзара дар андешаи одам намеғунҷад, ки чи гуна метавон ба зояндаву парварда чунин як амали хашинро раво дид. Шояд бадтарин ҳайвон ба чунин як кирдор қодир набошад. Ба таъбири устод Садриддин Айнӣ: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёддат дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Дар рӯёрӯи ҳама ин бадиҳо, бо қабули ҳама пастиҳо, имрӯз чанд тан тоҷике, ки ҳайф бод номи тоҷику тоҷик будан ба онҳо, шарафу номус ва сифати инсонии худро аз даст доданду ба пистони модари худ тӯф карданд, шири сафедашро пос надоштанд ва ҷонибаш санг андохтанду назди дигарон бадаш гуфтанд.
Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он. Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд ҳамон ҷониб медаванд.
Барои хар як фард тинчиву осоиштаги чун обу хаво зарур аст. Имруз бар он нохалафоне, ки осоиштагии мардумро ноором месозанд, хазорхо лаънат мегуем. Мардуми азиятдидаи точик, ки маротибае ин рузхои пуртахлукаро аз сар гузаронидаанд, харгиз намехоханд, ки кишвари азизашон бори дигар гирифтори ин гуна нобасомонихо шавад. Аз ин ру мо маорифчиёни саодатманди даврони истиклол бахри рушду нумуи кишвар ва хифзи асолати таърихи, камари химмат баста намегузорем, ки афроде ба ин рузгори пурсаодати халк нозуши орад.
Биёед ба сулху вахдат, оромиву осудагии кишвар шукргузори кунем ва нагузорем, ки дар байни мардуми кишвари азизамон нифоку тафрикаандози рох ёбад.
Муаллимаи кафедраи умумидонишгохии сиёсатшинсӣ Ҳоҷиева М.Х.