Дасисаҳои душманони миллат ва маккориҳои Кабирӣ

Дар шабакаи иҷтимоии you Tube/Payom.tj мусоҳиба ё баромади навбатиираиси ТТЭ ҲНИ, роҳбари имрӯзаи “Паймони миллӣ”Муҳиддин Кабирӣ гузошта шуд, ки идомаи тарғиботҳои иртиҷоӣ ва ифротии душманони миллат ба шумор меравад. Дар ин мусоҳибаКабирии рӯбоҳ мисли ҳарвақта ҳарзагӯӣ намуда, як хабари бардурӯғи худаш ва ҳаммаслаконаш дар бораи даъвати оммавӣ ба тазоҳуротро гӯё мавриди андешаронӣ қарор дод.

Кабирӣ овозаи ба кӯчаҳо санаи 21 март на барои ҷашни Наврӯз, балки норозигӣ аз давлату Ҳукумат баромадани мардумро, ки бевосита аз ҷониби аъзони Паймони нобакоронаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, ҳамчун фикри як шаҳрванд баҳо дода, мисли ҳарвақта худашро аз он бехабар вонамуд кард.

Даъвати оммавии мардум бар зидди давлату Ҳукумат ҷинояти махсусан вазнин ба шумор меравад, аммо душманони давлату миллати мо ба монанди Кабириву Иқбол, Саидюнусу дигар аъзоёни Паймони экстремистии “миллӣ” ин амалро шиори ҳамешагии худ карор дода, дар ҳар баромаду гузоришҳои худ ба ғайр аз танқиди давлату ҳукумат ва камбудиву норасоиковӣ кори дигаре надоранд.

Овозаҳои тазоҳуротро маҳз ҳамин паймони ифротгаро паҳн карда истодааст, ки онро мо аз баромад ва мусоҳибаҳои худи Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин баралло эҳсос мекунем.

Мардуми кишвар ба ин гуна хабарҳои бардурӯғу ғаразолуд ҳеҷ боварӣ ва эътимоде надоранд. Имрӯз идеологияи миллии мо ташаккул ёфта, худшиносиву худогоҳии мардум дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Ҷавҳари идеологияи миллии моро ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, таъмини амнияти миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа сарҷамъӣ дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ташкил медиҳад. Хоинон ва душманони миллат бо ҳарзагӯиҳо, маълумоту хабарҳои бардурӯғ наметавонанд, мафкура, афкор ва андешаи ба мо бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд.

Мо бояд ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба нафароне, ки ба миллату Ватани хеш, дину мазҳабашон хиёнат кардаанд, ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ мебошанд, боварию эътимод надорем. Шиори мо ба пеш, ба сӯисозандагиву бунёдкорӣ ва музаффариятҳои халқи азизамон мебошад.

Иброҳим Ҷабборов, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ