​Устодони донишгоҳ соҳиби шаҳодатномаи Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии Мардумии Чин гаштанд

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо изҳори умеди таҳким ва густариши равобити минбаъдаи донишгоҳ ба муассисаҳои олии хориҷ ба 5 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шаҳодатномаи Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии Мардумии Чин супорид.

Шаҳодатнома ба хотири ифои вазифаи 5 сола ба ҳайси инструктори таълими муштараки омода кардани магистрантон аз рӯи ихтисоси таҳсилоти байналмилаии Чин дар донишгоҳи мавриди назар ба устодони донишгоҳ эҳдо гашт.

Ҳамин тавр шаҳодатномаи Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, дотсент Рухсора Давлатзода, декани факултети забонҳои шарқ, дотсент Исломҷон Раҳимов, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоии факултети забонҳои шарқ, дотсент Марҳабо Қосимова, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ, дотсент Муътабар Шарипова, профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоии факултети забонҳои шарқ, Низомиддин Муродӣ супориди шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар соли 2020 бо Донишгоҳи давлатии Сочи, Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н Улянов, Донишгоҳи иқтисодии ба номи Плеханови Федератсияи Россия, Донишгоҳи Костанай бо номи А. Байтурсунов ва Донишгоҳи миллии Осиё Аврупоии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Л.Н.Гумелев, инчунин бо Донишгоҳи Шандун ва Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии мардумии Чин шартномаҳои нав ба имзо расонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ