​Кайҳоннаварди навбаромади таҳҷоӣ

Сайёраи Замин нисбат ба сайёраҳои дигари системаи офтобӣ бо мавҷудоти ташаккулёфтаи зинда, табиати зебою беолоиш, популятсияи инсонии пешрафта ва дигар ҷанбаҳо куллан фарқ менамоянд, ки дар он барои ҳаёти сазовор ҳамаи шароитҳо муҳайёст. То ҳол, муайян карда нашудааст, ки дар кадом сайёраи дигари Коинот имконияти зиндагонии Инсон мавҷуд мебошад. Вале, баъзе бандагони беинсоф аз неъматҳои дунё ношукрӣ намуда, амалҳои ифротиро пеша кардаанду ба худ аз ҷумлаи бефаросотони камақл ғуломони ҳалқабаргӯш пайдо кардаанд. Ин тоифаи ғуломони зархарид омодаанд назди хоҷагонашон ба зону нишинанду фармони онҳо иҷро намоянд. Зеро, баднафсу бадкина, дилсиёҳу рӯбоҳмиҷозанд, ки ба ивази маблағ худро фурӯхтаанд. Чунин тоифаро метавон дар мисоли наҳзатиёни террористу ифротгаро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирии маккори рӯсиёҳ мушоҳида намуд. Ношукрону носипосони наҳзатӣ ақлу виҷдони хеш ба иблис додаанду фармонбардори ӯ шудаанд. Вагарна, чӣ ҳоҷатест, ки ҷиҳати ҳар як амали давлатдорони мо андешаи носолим арз мекунанд.

Дар тинати Муҳиддин Кабирию думравони чоплусаш ғайр аз хиёнату ватанфурӯшӣ, разилию палидӣ, нобакорию муғризӣ, дилсиёҳиву бадкинагӣ, макру фиреб ва амсоли ин хислатҳо чизи дигаре нест ва онҳо қудрати дарки пешравиҳоро надоранд. Мазҳаб дигар кардаву худро ба хуни аҷдодӣ мухолиф гузоштаанд ва аз онҳо чӣ бӯйи умеди солимақлӣ интизор шуд?!

Беҳтарини кор он аст, ки ҳамаи наҳзатиёни фосиқу ҳамҷинсгаро ва авомфиребҳо якҷо сарҷамъ карда шаванду онҳоро савори “киштии кайҳоние” кард. Киштие, ки роҳи бозгашт ба Заминро надораду дар Кайҳон, алалхусус Миррих боқӣ монад ва наҳзатиён азоби ҷаҳаннам дар он сайёра кашанд?! Танҳо эҳтимол меравад, ки бо нопокӣ ва олудагии хеш наҳзатиён Миррихро низ ғализ менамоянд. Вале, аққалан Замин аз онҳо пок мешаваду тухми наҳзатиён барбод хоҳад рафт! Омодаам, ки барои сохтани чунин киштии кайҳонии бебозгашт бо “кайҳоннавардони навбаромади таҳҷоӣ (наҳзатӣ)” маблағи зарурӣ ҷамъ оварам. Дигар соҳибватанонро низ даъват менамоям, ки маблағгузорӣ намоянду тавассути киштии кайҳонӣ аз наҳзатиёни палид, ҳатто ному нишоне намонад!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

Ҷӯраев М.Б.-муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ