Иззат Амон: фарқ байни одаму ҳайвон ин одоб аст!
Ҷомеаро бе оила ва афроди хулқи накӯву бад дошта тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чӣ қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар рўҳияи ватандўстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва донишманд тарбия намоянд, ҷамъият низ худро устувор нигоҳ медорад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад. Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.
Аз ин лиҳоз давлат ва ҷамъият аз шахсиятҳо ва оилаҳои устувори маърифатнок, соҳибкасб, ихтисосманд, ҷаҳондида ва ҳамаҷиҳата баркамол ташаккул ёфта бошад, манфиати бештар мегирад. Агар дар ҷомеа аксуламали ин тадбирҳо, яъне тарбияи нодурусти фарзандон, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, дуздиву қаллобӣ ва мушкилиҳои дигар дучор ояд, пас ба ҷомеа хатар таҳдид меоварад. Муносибати хуб, интихоби дурусти роҳи зиндагӣ ва амалҳои неку хайрхоҳона омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат мегардад.
Аммо баъзан ашхос дар ҷомеаи имрӯза чун Иззат Амон ёфт мешаванд, ки бо ҷалби мусофирони дур аз Ватан ва муҳоҷирони меҳнатӣ даст ба қаллобиву амалҳои ношоиста мезананд. Мардумфиребӣ ва таблиғи беасосу нодида гирифтани дастовардҳои кишвар аз ҳадафи нопоку ҳисси бадбинии ӯ дарак медиҳад.
Аз ин, хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар амали ношоистаи Иззат Амон чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ карда мешавад, дар назди ҚОНУН посух медиҳад ва ӯ беҷазо нахоҳад монд.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров