Кабирӣ ва ҷинояткорӣ

Аз фаъолияти ТЭТ Ҳизби наҳзати Ислом ва роҳ­бари он Муҳиддин Кабириро имрӯз аҳли башар огоҳ ҳастанд. Чунончи, тибқи маълумотҳои мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истода­аст, бо маблағгузории кишварҳои хориҷӣ, бо баҳонаи бо кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик ва аъзоёни аз Тоҷикистон фирор намудаи Ҳизби наҳзат дар шаҳри Дортмунди кишвари Олмон қитъаи замин ва бинои бисёрошёнаро харидорӣ карда, дар он маркази савдо, маркази дилхушӣ, ошхона, казино ва ғайраҳоро сохтааст. Вале муайян карда шуд, ки иншоотҳои мазкур ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷора дода шуда, умуман ягон нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иншоотҳои ба М.Кабирӣ тааллуқдошта ба кор таъмин нагардидаанд. Инчунин номбурда аз маблағҳои аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ҷудо кардашуда дар шаҳри Дортмунд ду манзили истиқоматӣ дошта, дар шаҳри Варшава ба хешовандони наздики худ якчанд манзилҳои истиқоматӣ харидорӣ кардааст. Вале, ў умуман ба тақдири шаҳрвандони тоҷик, ки дар қаламрави кишварҳои Аврупо сарсону саргардон мебошанд, бепарво буда, танҳо манфиатҳои ғаразнок ва шахсии худро пеш бурда истодааст. Инчунин, алоқа ва мулоқот кардани Муҳиддин Кабирӣ бо роҳбарони созмонҳои байналхалқии террористӣ – экстремистӣ, аз ҷумла “Ҳаракати Толибон” баҳри ворид намудани гуруҳҳои террористӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қаламрави Ҷумҳурии исломии Афғонистон, амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва халалдор кардани амну субот ва оромии кишвари азизи мо – Тоҷикистон, ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ