Хоинони ватан барои мо бегонаанд
Имрӯзҳо тамоми ҷаҳон дар таҳлука аст. Дар ҷое эътироз дар ҷои дигар обхезӣ ва дар ҷои дигаре заминларзаю гушнагиву қашшоқӣ. Вақте, ки канали Евронюсро мебинам аз шунидани хабарҳои ҷаҳон дар ҳайрат мемонаму, шукри он мекунам, ки дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон тинҷиву ороми ҳукмфармост. Ин сулҳу салоҳ ва оромии мо барои нафарони дигар намефорад ва доиммо неши заҳролуди худро ба сари мардуми мо мезананд. Бо ин гуфтаҳоям ман Ҳизби наҳзати ислом ва Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддинро дар назар дорам, ки доимммо аз паи хиёнати мардуми тоҷик ҳастанд. Чи гуноҳ кардааст мардуми тоҷик? Аз барои чӣ? Мо ҳама фарзанди як сарзаминем, ҳатто дар китоби Қуръони Карим омадааст, ки “муъмин бародари муъмин аст”.
Азшунидани хабар, ки Муҳиддин Кабириро дар ғайбаш маҳкум карданд бисёр хурсанд шудам. Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид. Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд. Аз ин ҳам ба ҷазои сахттару бадтар вай сазовор аст. Зеро хуни чандин нафарони ноҳақро рехтаасту чандин нафари дигарро ба балои бад гирифтор кардааст.
Бандаба тамоми мардуми шарафманди тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба ҳар гуна гапу каловчаҳо бовар накунанд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Зеро ояндаи дурахшону обод дар дасти худи мост.
Биоишаи Назар