​Ирсияти нопок кай қадри покӣ донад?!

Дар радифи организмҳои зиндаи бешуур бархе аз нафарони симояшон инсонӣ қобилияти дарки дастовардҳои шахсиятҳои дигарро надоранд, ки эҳтимолан ба ирсияти нопоку ғашолуди онҳо алоқаманд бошад. Алалхусус, агар ин тоифа ҳамраъйу думравоне дошта бошад, ки чун чоплуси баднафс домангири маблағ ҳасту бе ақлу идрок ба сардораш мутеъ шудааст. Вале, ӯ шуур надораду намедонад, ки дар киштии зиндагӣ нохудоеро пайрав шудааст, ки худ раҳгумзадаву аз охири роҳ бехабар аст. Агар, ин нафарон каме бошад ҳам, ақлу шуур медоштанд андеша мекарданд, ки ононро дар охират кадом уқубат интизор аст. Зеро, Парвардигор хоину ватанфурӯшӣ, иғвоангезию дасисабозиҳоро палиду разилтарин амалҳо ҳисобидааст ва касофати онро ба ихтиёри Иблис додааст. Албатта рӯзе хоҳад расид, ки нафари фирефтаи шайтонгашта ҷазои муносибе хоҳад гирифт. Барои дарки ин ҳиқиқати воқеӣ мебояд каме шууру идрок, фаҳму фаросат дошт, лек афсӯс на ҳамаи инсонҳо бархурдор аз ин хислатҳоанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки барои тоифаи шайтонсифатон минбаре гаштааст, ки баъзе нафарони палид ҳарзагӯӣ мекунанду ҳангоматалабӣ. Қонунияти ҷомеаи инсонӣ собит сохтааст, ки ҳамаи амалҳои инсон дар муҳити оила тавлиду дар ҷомеа ташаккул меёбанду мавқеи ирсият хеле муҳиманд. Бараъло мушоҳида шудааст, ки шахси пок метавонад нопокӣ дар фарди дигарро дарк намояду аз амалҳои ӯ ҳазар кунад. Вале, нопокон, ки шуур надоранд, наметавонанд аз покон адаб омӯзанд, зеро дарк намекунанд, ки нопоканду хаёл менамоянд, ки амали онҳо ягона ҳақиқат аст. Ҳамаи ин гуфтаҳоро метавон дар амалҳои палиду разилонаи Кабирии маккор ва ҳаммаслакони ӯ мушоҳида намуд. Хоҷагони маблағгузорашон онҳоро чун лӯхтак идора менамоянду ин “тӯти”-ҳои бешуур ғояҳои ифротии онҳоро ба ҷомеа талқин менамоянд. Баъзан, аз худ, чун таҷрибаи ҳаётӣ иловаҳои ноҷоиз мекунанд, ки ифшои онро аз баёнияҳо нисбати воқеаҳои байнимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дарёфт кардан мумкин аст. Аз ин гуфтаҳои наҳзатиёни нобакори бефитрат танҳо бӯйи нофорами низоъю иғвоангезӣ, ҳангоматалабӣ дида мешаваду халос. Аз ин лиҳоз, шукрона мебояд кард, ки шомили ирсияти пок ҳастему қадри покзотӣ медонем ва мекӯшем тухми нопок аз олам барканем.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ