Хиёнаткор на ватан надорад на миллат!
Муҳаққиқон дар ақидаи онанд, ки зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин корҳои нанг ва гурӯҳҳои ифроти шомил мегарданд.
Ба яке аз чунин афроти бенанг Иззат Амон низ дохил мешавад. Иззат Амон дар як суҳбати видеоӣ, ки шаби 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд. Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар бораи қазияи Иззат Амон маълумоте надоранд. Ӯ афзуд, ки “Иззат Амон шаҳрвандии Русияро дошт ва ҳамчун шаҳрванди Русия мақомоти ин кишвар ба сафорат ё бо ҷониби Тоҷикистон барои тасмимгирӣ дар нисбати ӯ машварат намекунанд”.
Суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор кардааст ва ба ӯ ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. Қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст. Ин маълумотҳо тасдиқи онанд, ки дар ҳақиқат амалҳои Иззат Амон ба қавле “дар зери коса нимкоса” аст.
Айни замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди Иззат Амон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вазорат рӯзи 26-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки Изатулло Холов аз Бобоҷон Шарипов, як шаҳрванди Тоҷикистон бо ваъдаи раҳо кардани бародараш аз зиндоне дар Русия 40 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоӣ гирифта ва “ягон корро анҷом надодааст ва маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.” Барои ҳамин гуфтааст, вазорат ӯ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор дорад.
Қаблан маъмурони пулиси Маскав, рӯзи 25-уми март Иззат Амонро бо худ “бурданд” ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест.
Аскар Акбаров