Изҳорот: Зуҳуротҳои номатлубро маҳкум мекунем!

Кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолият ба пешрафт ва дастовардҳои бемисл ноил гаштааст,ки ин боиси пайваста боло рафтани сатҳи зиндагии ҳар як фарди Тоҷикистонӣ мебошад. Аз ин дастовардҳо ифтихор карда мо бояд ба қадри сулҳу суботи сиёсиву иқтисодӣ ,ки асоси ин пешравиҳо аст бояд бирасем. Бояд тазаккур дод,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат, пешгирӣ, муътадил гардонидан ва муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.Солҳои охир, терроризму экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфтаю ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Мутаасифона мухолифон (ҳизби экстремистию террористии наҳзати исломӣ ва доираҳои ба он наздик), канори давлату миллат наистода, баръакс, аз баъзе ҳолатҳо ва ё камбудии оддӣ ,ки рӯзмарра пайдо шуданаш мумкин аст шӯру ҳангома меандозанд ва тӯҳматҳо ба сари ҳукумат мерезанд ва бо ин назди хоҷагони аҷнабии худ ҳисобот медиҳанд.

Ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва мисли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, гуфтани ҳастем,ки мо омӯзгорон чун кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳарзагӯии шумоён ҳаргиз бовар намекунем, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То ҷ и к и с то н , м у ҳ т а р а м Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона равона месозем, дар ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеаи солим саҳми худро мегузорем.

Сармуаллими кафедраи системаҳои бисёршабакавии

телекоммуникатсионии факултети Т ва ТИ

Усмонов Ҳ.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ