​Бо мо дӯстӣ авлотар.....

Солҳои охир вазъият байни ду давлатии ҳамсоя - Тоҷикистону Қиризистон хеле шадид ва ҳатто хунин ҳам номидан ҷоиз аст, ки тез-тез муноқишаҳои сарҳади зиёд рух медиҳанду боиси марги чандин тан сокинони осоишта гардидааст.

Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дўстонаву ҳамсоягии хуб доштанд, солҳои охир бо хизматҳои хирсонаи баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд баҳри аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушахас гардидааст. Ва ин ҳуҷҷатро тоҷикон манзур накардаанду онро намояндагони халқҳои дигар, таърихнигорону сиёсатмадорони дигар давлатҳо пешниҳод кардаанд.

Тавре муносибатҳои байнидавлатии ду давлат дар сатҳи олии давлатӣ хуб асту аммо дар самти муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёни (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ, сарҳадӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дўсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Ин ҷо саволе рӯи кор меояд, ки чаро ҳукумати марказии Қирғизистон пеши роҳи шаҳрвандони худро гирифта наметавонад ё чаро сатҳи поёнӣ ба ҳукумати маркази итоат намекунад? Аз эҳтимол ҳам дур нест, ки дар ин кор худи давлат ҳам даст дошта бошад ва мардумро ба чунин кор сафарбар кунад?!

Пас аз муноқишаҳои марзӣ ҷониби қирғизҳо мехоҳанд бо ҳар самт тоҷиконро азоб бидиҳанду тамасхӯриву таҳқирро нисбати намояндагони халқи ҳамсоя раво бинанд. Би ин мисол воқеоти охири марзӣ, ки чандин мошини боркаши ҷониби Тоҷикистон меомадаро боздошт намудан ва ё таҳқири тоҷиконе, ки тавассути роҳи ҳавоӣ аз аэропорти Қирғизистон истифода баранда ва ё ҷангу муноқишаҳои байни тоҷикону қирғизҳо дар Москва далели ин гуфтаҳост, ки дар ҳама ҳолат қирғизҳо туҳфаҳояшонро барои ин амалашон мегиранд, пас чи ҷои шарманда шудан? Чаро ки тоҷик ҳеҷ вақт таслим нашудаасту мағлуб намешавад!

Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунании минтақаи Осиёи маркази аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзисти ва дўсти ниёз доранд. Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дўсти мисли хуршеду моҳ човидон аст. Дўстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рўзи сахту харобӣ.

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ