​Изҳорот: Ҳар амал чорчӯба дорад...

Дар шароити кунии пуртаҳаввуллоти иттиллоотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ ё худ сомонаҳои интернетӣ макони тарғиботу ташвиқот ва ё эътироз баёнкунии мардум гардидааст. Мардуми азиятдидаи халқи тоҷик, ки кунун зери ливои сулҳу ваҳдат иқомат доранду қувваву иродаи худро чун ватандорони асил бар ободии меҳан равона месозанд, дубора бесару сомониву ҷангу ҷидолро дидан намехоҳанд.

Вале, мутаассифона дар ин шабакаҳо бархе аз нохалафоне пайдо мешаванд, ки сиёҳии амалии худро намегӯянд, ва ё ғалаткории худро намебинанду бонгу изтироб мебардоранд, ки нафаре барои дарёфти қутти лоямути ӯ музавваф бошад... ба ин минвол дирӯз дар шабакае эътирози як нафар мусофиркаше, ки собиқ журналист будаасту баҳри қонуншиканӣ намуданаш дар кучаҳои шаҳр ҷаримааш бинмудаанд, пайдо гардид. Он карру фар ва он суханбозиҳои он мусофиркаш ба дараҷае нишон дода шудааст, ки гӯиё дар радиое баромад бинмуда бошад... Чунон донотарошӣ ва ё худсафедкунӣ дорад, ки гӯиё моҳи беайб бошад... яке ронда шудани худро аз кумитаи радио ва телевизион бозии дасти нафаре мешумораду ҷарима гардиданашро аз нафаре...

Пас эй хоҷа бигӯед, ки агар шумо ин қадар моҳи беайбед, ҳамаи қонуну тартиботи амалкунандаи ҷумҳуриро нашикаста бошед, ки шуморо бекор мемонаду ҷаримае менависад? Аминем, ки замони кор дар кумитаи радио низ қонуншиканӣ намудаеду имрӯз низ! Пас муаммо аз ки аст? Дар мақомоти идоракунанда ва ё дар шахси алоҳида?

Маълуми ҳамагон аст, ки қонунҳои қабул гардида,барои дар як чорчӯба ва ё ҳудуди муайяне амал намудан ва баҳри пешбурду ободии сокинони ҳамон давлат таҳия мегарданд ва рамзист, ки ин қонунҳои амалкунандаро ҳар шаҳрванд бояд риоя намояд! На ин ки баъди қонуншиканӣ боз бонг бизанаду нафареро баҳри ин амал айбдор намояд, ки нони хӯрданӣ аз куҷо ёбем... ҳайҳоти шумо “босаводон” ки иғвоангезиро пеш намудаед. Ҳатто гуфтору таҳдиду ташдидҳоятон низ ба монанди “ҳақгӯён”-и аъзоёни ҳизби наҳзат аст ва шубҳае ҳам бар забон вирд дорад, шояд аз он тоифаед?

Агар чунин аст, пас иштибоҳи калоне доред, аз калому тарбияи қиблагоҳ сухан мекунеду бар намакдон туф... пас чи ками доред? Мақоли хубе ҳаст, ки аз ту ҳаракату аз мо баракат! Ҳаракатро дар чорчӯбаи қонун кунеду қонуншиканӣ накунед, касе шуморо озор намедиҳад!!!

Шарифзода М.–устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ