Терроризм ва экстромизм – барҳамзанандаи амну осоиш

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пин-ҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзўи тарбия бахшидааст, чунин мегўяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».

Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шўравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурўҳи давлатҳо, ду идеология - лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хўрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигар ро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сўҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрӣ бор кардан мехоҳанд.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Мутаассифона, дар тўли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқўъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи таҳрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдӣ, сўзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм-карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (С)-ро дар солгарди амалиёти терористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри ҷаҳон гардид.Сўзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард.

Ин амали зиштро муншии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид намуд, ки «чунин аъмол зидди кўшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».

Акбар Бердиев

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ