Сагони дайдуи бесоҳиб.....
Дирўз аз шабакаи иљтимоӣ наворе бо номи “Ҳуҷуми хакерии кормандони КДАМ” дастрасамон шуд, ки аз тамошои он тамом хандаи кас мегирад. Афроде, ки худро муҳиби Каломи шариф медонаду мулло мегирад ва аз номи Қуръон сухан оғоз мекунад, бояд ҳар як нуқтаи Каломи шарифро аз ёд бидонаду озод онро таҳлил намояд. Вале агар бинанда камтар ҳушёртар назар бинмояд, аз навор маълум аст, ки ҳам ояти Калому ҳам таҳлили онро он “донанда” аз авроқи замзама менамояд.... ана донандагӣ, ана муллогӣ!!!
Он навор мантиқе надорад, магар, ки туҳмату буҳтонро фаро гирифтаву барои гумроҳ намудани афроди ноогоҳ равона мешавад. Аз таърих сухан бинмудаву вазъияти худро бо вазъияти таърихии давраи ҷанги муғулу чингиз баробар бинмудан аҳмақист!!! Ҳой, мардон бидонед, ки онвақт халқи тоҷик гуреза шуда набуд, магар шумо барин шағоли сари талу теппача бошад... ТОҶИКи асил дар ҷои худ бимонд ва бар муқобили душман биҷангид, макони худро аз “гургони гуруснаи чашмало” тоза бинмуд... тоҷик дар ягон вақт сарзамини худро аз даст надодаасту намедиҳад!!!... ҳозир вазъияти шумоён ана ҳамин тавр аст, шумоён муғулҳову чингизҳои ин давр бонг доред, ки мақомот хоҷагони хориҷӣ дорад... Ай мардуми гумроҳ, о хоҷаро шумо доред-ку? Шумоён ба хоҷагони худ хидмат менамоед, лагандбардори ким-кадом аҷнабиён ҳастеду боз доди бемалағӣ мезанед, ки гӯёи мақомоти тоҷик бо хакерҳои худ, сомонаи дурӯғборони шумо “Ислоҳ.нет”-ро шикаста бошаду шумо барои сохтани сайти бодабдаба пули кофӣ надошта бошед... ки ба ин дурӯғҳои шумо бовар мекунад а? Ин бемаблағии шумоён ба мисли дарёи бе об аст!
Шумо худро бофарҳанг мешуморед, шумо худро шахси соҳибтамаддуни таҳқир шуда медонед, ҳаргиз! Шумо аз пасттарин ашхосе ҳастед, ки фориғ аз ватан бар хоки ватан амалҳои пасттаринро раво мебинед... ба мисле, ки аз пас тир меандозед!
Мегӯед, ки мақомот рӯ ба рӯ бо туву паймонат бишинад? Шумо худ кистед, ки роҳбарияти як давлати мустақил бар суроғи шумоён гарданд? Аблаҳиатонро бар гумроҳони ба мисли худатон сарсону саргардони давр гузаронед!
Роҳбарияти давлати соҳибистиқлол ҳар ҳадафи пеши худ гузоштаашро ба пуррагӣ ба иҷро расонида истодааст. Ҳадафи аввалиндараҷаи пасоҷангӣ ин “гурезагони даврони ҷанги таҳмилиро ба Ватан баргардонидан буд”. Ҳамаи гурезагони он даврон ба Ватан баргаштанд ва хонаи обод бино сохтаву шукри истиқлол доранд. Гурезагии шумоёнро мо коре надорем, зеро ки шумо ободии Ватанро дида натавониста, ношукри бар ин обу хок мекунед...
Ҳар фарди бонангу номус мекӯшад, ки маконеро обод созад! шумо бошед роҳи гумроҳиро пеша кардаед... мисли сагони дайду кори шумо зарар расонидану халос... бигзор чунин бошад! Аккос зада гаштан гиред!
Устодони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ