Даъвои бедавои бефарҳангон
Мардуми ботамаддун ҳамеша бо итоат ба меъёрҳои қонунҳои мавҷудаи ҷомеа ва риояи дастуру супоришҳои роҳбарияти сатҳҳои гуногун фарқ карда меистанд. Хушбахтона, ҷомеаи тамаддунофари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳал заҳмат мекашанд ва шукронаи даврони Истиқлолияти давлатӣ мекунанд. Аммо, садҳо афсӯс, ки на ҳама халқу миллатҳо дорои чунин тамаддуну фарҳанги воло мебошанд.
Шунидани хабар оид ба муроҷиати баъзе гурӯҳҳои иғвогару дасисабози Ҷумҳурии Қирғизистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ бо шикоят алайҳи амалҳои мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми санаҳои 28-29-уми апрели соли 2021-ум дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон амали носипосонаи нафарони пастфитрату бефарҳанг мебошад. Зеро, муноқишаи баамаломада дар марзи байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон воқеаи нохуб мебошад ва тибқи созишномаи тарафайн комиссияи махсус ин даргирии хунинро таҳқиқ намуда истодааст ва то ҳол хулосаи ниҳоии худро баён накардааст. Дар ҳоле, ки хулосаи расмии мақомотҳои давлатӣ ба даст наомадаанд, бидуни сабру таҳаммул ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат кардани нафарони алоҳидаи ҷониби Қирғизистон рӯзи 6-уми июни соли 2021-ум ва дарёфти посух ба ондар санаи 14-уми июн амали ношоистаи бадкинона ба шумор меравад. Нафарони қирғизтабор магар бехабаранд, ки муноқишаҳои ҳамсояҳоро ягон нафари бегона воқеан баҳо дода наметавонад ва танҳо ҳарду ҷониби ҳамсоя метавонанд ба мусолаҳа оянд. Хусусан, даъвои “ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон” худ асоси воқеӣ ва маънавӣ надорад. Зеро, аксарияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар маҳали баҳсӣ иқомат доранд, мусаллаҳ бо туфангу олоти шикорианд, ки дар ҳолати зарурӣ онҳоро истифода мебаранд. Яъне, онҳоро наметавон “сокинони осоиштаи Қирғизистон” номид, чунки онҳо ҳамеша омодаи зиддияти мусаллаҳона мебошанд.
Аз далелу бурҳонҳои мавҷуда бармеояд, ки гурӯҳи муғризи дасисакорони Қирғизистонро мебоист хулосаи комиссияи давлатиро интизор бошанд ва дар ҳолати қонеъ нагардидан ба он, баъдан ба кадом мақомоте, ки хоҳанд муроҷиат намоянд. Алҳол бошад, ин амали онҳо нишонаи фарҳанги нокофӣ ва тамаддуни пасти онҳо мебошаду эҳтимолан бо фармоиши баъзе хоҷагони пасипардагӣ суръат гирифта бошад!!!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”