Марг бод бар ифротгароиву ифротиён!
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ бардошта мудом хоҳони сулҳу оромӣ ва ваҳдату дўстӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон чун актори сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ бар мухолифи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон хоҳад бурд.
Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ҳамеша мубориза бар зидди ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморидааст. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат додааст. Аммо баъе ҳизбу ҳаракатҳо, амсоли ТЭТ ҲНИ ва Гурўҳи 24аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳанд ақидаҳои нопоки хешро болои мардум таҳмил намоянд. Чунин гурўҳҳои ифротӣ бо дастгириҳои "хоҷагони беруниашон" кўшиш мекунанд, ки вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии кишварро халалдору ноором созанд. Нафароне, ки ин гуна амалҳои номатлубро нисбати ҷамъият ва давлат мекунанд ё карданд, қалбу нияташон ва ботинашон моломоли кибру ғурур, нопокӣ, фисқу фуҷур ва амалҳои аҳриманӣ мебошад.
Дар солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ ҷунбишҳои динӣ, гурўҳҳои ифротиву тундрав бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, ки ҷаҳонро ба такон овардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, ки дар таърихи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, чунин иброз доштанд: "Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрўзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст".
Дар замони зудтағйирёбандаи равандҳои сиёсии минтақавиву ҷаҳонӣ миллату давлатҳои ҷаҳонро мебояд, ки бо дарназардошти эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳамҷоя рушду такомул ёбанд. Раванди ҷаҳонишавӣ бевосита ба ҳар як соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа таъсиргузор аст. Имрўз ягон давлат дар танҳогӣ рушду нумўъ намекунад ва дар ягонагӣ аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳон намебарояд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳони модернӣ аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо сулҳу амният, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ маҳсуб мегардад.
Меҳроби Ватан – устоди ДДХ