Таваҷҷуҳ: Донишҷӯён ба идоракунӣ ҷалб мешаванд

Аз 5-ум то 9-уми апрели соли равон, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии раёсату шуъбаҳо ва факултетиҳо” гузаронида мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ хабар доданд.

Ҳафтаи худидоракунӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нибсат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат, ва ба ин васила, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии раёсату шуъба ва садорати факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Телефон барои маълумот: +992 92 626-22-20

Суроға: ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, утоқи 113

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ