​Изҳорот: Ҳидояти хиёнаткорони Ватан барои тавба

Амалҳои хоинонаи роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ якчанд рӯшанфикрони тоҷикро маҷбур кард, ки ба таври хаттӣ ба унвонии Муҳиддин Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол-Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”) муроҷиатнома нависанд. Зеро ҳаракатҳои ғайриинсонии ин ноҷавонмардони хиёнаткор обрӯву эътибори халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ резонида истодаанд. Мо медонем, ки ин гамбӯсакҳои таги бурё муши худро паланг пиндошта, аз амалҳои кардаи худ даст намекашанд, аммо як андоза ҳамчун рушанфикри тоҷик бо таълифи муроҷиатномаба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданамон зарур аст, кидар симои чанд хиёнаткори Тоҷикистон халқи тоҷикро тасаввур накунанд. Муалифони матни муроҷиатнома барҳақ таъкид карданд, ки: “Наҳзатиён ва наҳзатмаобон! Ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки чи дар гузашта ва чи имрӯз созмони наҳзатӣ ба сифати унсури бегона ва тарҳи хориҷӣ дар хидмати аҷнабиён қарор дошту дорад, вале барои пардапӯш кардани найрангу фитнаҳои худ аз мафҳум ва истилоҳоте мисли демократия, озодӣ, мардумсолорӣ, гуманизм, қонунмандӣ суъистифода ва дар саҳнаҳои сиёсии аврупоӣ ҷавлон мекунад. Хуб, то ба кай ин ҷавлонкуниҳо?

Хоҳу нохоҳ аврупоиён ва ҷомеаи мадании аврупоӣ ҳам рӯзе наҳзат ва ходимони наҳзатиро, ки дар ниқоби “журналист”, “таҳлилгар”, “коршинос”, “фаъоли иҷтимоӣ”, “сиёсатшинос”, “ҷомеашинос”, “файласуф”, “донишманд”, “равшанфикр”, “иқтисоддон” (Кабирӣ, Темур Варқӣ, Салими Аюбзод, Мирзои Салимпур, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо) дар фазои маҷозӣ ҳузур пайдо кардаанд, мешиносад ва он гоҳ парда аз рӯйи иғвою найранги наҳзат абадан бардошта хоҳад шуд.

Мутмаинан, муздур будан ва дар хидмати бегонагон қарор доштани шумо - тоифаи наҳзатӣ ба ҳама хурду бузурги миллат маълум гардида, парда аз найрангу фитнаҳоятон бардошта шудааст. Лофу газоф дигар маънӣ надорад.” Ин матлаб айни муддаост. Дар матни муроҷиатнома боз чандин ҳадафҳои ин хиёнаткорон фош ба қалам омадааст.

Мо аҳли зиёи мамлакат аз фарзандони Ватанфӯруш дархост менамоем, ки номи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун террорист ва хиёнаткор муаррифӣ накунанд ва аз кардаҳои худ пушаймон шуда дар назди халқу Ватан тавба кунанд,то дар назди Худои мутаол низ поку бегазанд бошанд вагарна дуои халқ мегирад ва Худо онҳоро дар мулки бегона зада, ғӯрамарг мегардонад.

Алимова Хуршеда–дотсенти факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ