​Семинари илмӣ-намунавӣ

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари илмӣ-намунавӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика ташкил гардид.

Мудири кафедра Ҳусейнбой Аҳмедов ҳадаф аз ташкили семинарро дар баланд бардоштанисатҳу сифати таълим ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ шарҳ дод.

Дар доираи семинар мавзӯи “Омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар семинар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Абдуллоева Шаҳноза оид ба омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаиинтерактивӣдармашғулиятҳои омӯзгорон ба шунавандагон маълумот дод.

Ҳамзамон, байни иштирокчиён суолу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ