Гуноҳи Кабирӣ набахшиданист!
Кабирӣ бисёр одами нохалаф буда, ба мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардааст. Нафаре, ки обрӯи миллати тоҷикро дар саҳнаи дунё ҳамчун як шахсияти террорист резонид. Чи бадномиҳо, ки ба мардуми мо накард. Чи бадбахтиҳое, ки ба сари кишвари мо наовард. Исломро ба як бозичаи дасти хориҷиён табдил дод.Мардумро ба роҳи фиреб андохт ва бозори хиёнатҳо дар мамлакат гарм кард.
Метавон таъкид кард, ки Кабирӣ асосгузори тамоми хушунатҳои диниву ақидавӣ дар Тоҷикистон аст. Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҲНИ-ро ба гуруҳи хонаводагӣ табдил дода, пулҳои бавоситаи хориҷиён ба ин ташкилот воридмешударо байни оилаи хеш тақсим намуд. Ҳар рӯз ба воситаи телевизион баромада, ҳукуматро дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ сиёҳ месозад ва бо ҳамин обро лой карда моҳӣ доштанӣ мешавад. Бо анҷоми ҳамин кор фикр мекунад, ки вай муваффақ шуда, мансабро, ки орзӯи деринааш ба шумор меравад, ба даст меоавард.
Яъне орзӯ дорад, ки миллатро нобуд сохта, аз пули бадаствардааш деги сиёҳи хешовандонашро ҷӯшонад. Аз таърих чунин инсонҳио хиёнаткор барои пош хӯрдани давлати миллии мо кӯмак ба харҷ додаанд. Мо боварии комил дорам, ки чунин нафарон дар зиндагӣ ягон ҳадаф ва мақсад надорнад ва ба мардуму ҷамъияти хеш хидмати арзандаеро анҷом дода наметавонанд.
Мо ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтанӣ ҳастем, ки ба чунин хиёнаткорон, ки бо супориши хоҷагони худ барои аз нав барангехтани кинаву адоват дар тамоми шабакаҳову расонаҳио электронӣ фаъолияти душманонаро ба роҳ мондаанд, нафрат намуда, ваҳдату ягонагиро шиори хеш намоянд ва нагузоранд, ки ин дасисабозон ба вазъи имрӯзаи мамлакат аз лиҳози идеологӣ холигоҳеро эҷод намоянд.
Кайхусрав Каримов– устоди ДДХ