Изҳорот: Филми “Хиёнат” ва аслу ҳақиқати хоинон
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як давраи гузариши печидаеро аз сар гузаронид, ки дар саҳифаҳои таърих абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд. Ин давра, торикиеро мемонад, ки аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки бо душманон ҳамроҳ шуданд ва ниятҳои разилонаву амалҳои нопоки онҳоро нисбат ба Ватану миллати тоҷик анҷом доданд. Ин афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро бероҳа намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайни онон ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. Наворҳои овардашуда дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баёнгари гуфтаҳои болост.
Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ(ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.
Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос,аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд.
Ин филм чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.
Ташвиқоти ҷангҷўёнаи сарварони ин ҳизби носолим сабаб гардид, ки садҳо ҷавонон гумроҳ шуда, «ба хотири ислом» ба сафи неруҳои хунхори ДИИШ пайвастанд ва нобуд шуданд. Роҳбарияти ҲНИ дар ҷомаи дин пинҳон шуда, аз эътимоди мардум суъистифода карданд, ҳол он ки дини ислом чунин амалро маҳкум мекунад. Натиҷаи «корнома»-и онҳо ҳамин шуд, ки дар Тоҷикистон мазҳабу ҳаракатҳои ба мардуми мо бегонаи экстремистӣ ва террористӣ пайдо шуда буданд. Маҳз давлат тавонист, ки пеши роҳи чунин ҳаракатҳои носолимро бандад ва оромии ҷомеаро таъмин намояд. Наҳзатиён ба қадри сохтани давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ҳеҷ гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад. Истисмори омма, суиистифода аз боварии мардум, иғвоангезӣ, бегонапарастӣ, режими теократӣ мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҷинояткорони мардумозор ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.
Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунад. Манзараҳо ва муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллати худ сабақ омўзем, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашуда, барои ободтар шудани ватани худ ҷаҳд кунем.
Шарипова М.-дотсент