Интихоботи президентӣ – марҳалаи нави сиёсати кишвар

Дар ҳоле, ки баргузор шудани интихоботи президентӣ дар кишвари мо марҳалаи нав дар таърихи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон хоҳад буд, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров бо мақсади интиқоди ноодилони кишвар ва ҳукуматдории мо қарор оид ба таъйини санаи интихоботро ғайриқонунӣ номидааст.

То чӣ андоза Раҳматулло Зоиров дар ин самтгириаш роҳи дурустро интихоб кардааст? Дар ҳоле ки ҳанўз дар Анҷумани XIII-и ҲХДТ (моҳи декабри соли равон) санадҳои мушаххаси қарордоди қонунии марбут ба ин воқеаи мубрами сиёсӣ, гузашта аз ин вақту муҳлати баргузории интихоби қарибулвуқуи Президенти Тоҷикистон аниқ гардида, масъалаи интихоботи соли 2020 аз масъалаҳои афзалиятдори сиёсати кишвари мо эълом шуда буд. Маҳз дар он вақт ҲХДТ чун ниҳоди сиёсӣ вазифаашро барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ иҷро карда буд.

ҲХДТ дар баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аз аввал мавқеи сиёсиву иҷтимоияшро равшан муайян намуда ва ҳамчун як ниҳоди босалоҳияти сиёсӣ ва гузашта аз ин ҳамчун як институти сиёсии ҷомеа талош карда буд, ки ба интихобот бо таъмини ниёзу талаби халқ, фаровон кардани шароити зиндагӣ, ба эътидол овардани нарху наво, дар сатҳи назаррас фароҳам овардани барқу гармӣ, муҳимтар аз ҳама ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа, расидан ба зиндагии шоиста ба ин амали сиёсӣ – маъракаи интихобот омодагӣ ба роҳ монда шавад.

Албатта ҳар интихобот бо пешниҳод кардани номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботӣ аҳаммият пайдо мекунад ва аз байни арзандаҳо беҳтаринҳо интихоб мешаванд, ки дар ин ҷойи шубҳа нест. Аз ин нуқтаи назар ҳанўз дар ҳамон ҷаласа Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бар ин як масъалаи муҳим таъкид доштанд, ки “албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳое, ки барои пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем”. Дар ин бора ниг.: https://sputnik-tj.com/politics/20190927/102993924...

Дар ҳоле ки чунин омодагӣ бар интихоби президентӣ таърихчаи хоси худро дорад, аммо Раҳматулло Зоиров аз баргузории интихобот норозигӣ мекунад ва масъалае чун таърихи нодурусти интихоботро бар гўши аҳли ҷомеа хонданӣ мешавад. Бо ҳамин чанд маротиба аст, ки ин нафари сиёсатгаро хостори ислоҳи қонунгузориҳои интихобот дар кишвари мо аст ва ин бор яке нуктаи муҳимми сиёсатгаро ба қарори Маҷлиси олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон оид мебошад, ки аз диди мо нодуруст ғайриқонунӣ таъбир шудааст.

Ҷамшеди Комрон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ