Изҳорот: Шогирдони Абуалӣ ибн Сино дар сафи пеш
Имрӯзҳо бемории сироятии коронавирус COVID-19 мардуми ҳамаи мамлакатҳои дунёро ба таҳлука андохтааст истодааст. Аз расонаҳо маълум аст, ки ин касали муолиљашаванда буда фақат аз шаҳрвандон риояи талаботҳои санитарию-гигиениро талаб менамояд.
Духтурони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурии азизамон барои пешгирии ин вабои аср кӯшиши зиёдеро ба харҷ дода истодаанд. Инро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвоимиллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои руҳбаландии онҳо ғамхориҳои амалӣ расонида истодаанд, ки боиси тавваҷҷуҳи тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кӯмаки башардўстона ба кормандони тиб ва шаҳрвандон аз љумла хўрокворӣ, дорувории зиддӣ бемории сироятии коронавирусдастрас карда шуда истодааст, ки ин барои дастгирии табибону гирифторони бемории коронавирус саривақтӣ мебошад. Дар ин муддат, ҳазорҳо оилаҳои камбизоат, ятимони кулл ёрииғамхорона ва падаронаи Пешвоимиллатро эҳсос карда истодаанд.
Бо кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон алалхусус дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат шиддати ин беморӣ дар ҷумҳурии мо коҳиш дода шудааст, то санаи 22- июн атрофи 4000 нафар беморон шифои комил ёфтанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Барои пурра барҳам додани ин вабои аср бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ кушиш ба харҷ дода талаботҳои аз тарафи табибон пешниҳод шударо пурра риоя намоянд.
Ман ҳамчун як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвоимиллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми кормандони соҳаи тиб – табибон, ки шабу рўз барои саломатии шаҳрвандон оид ба бартараф кардани ин вабои аср мубориза бурда истодаанд, миннатдории хешро иброз менамоям.
Муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети физикаю техника Умаров Н.Н.