Иштироки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар чорабинии вилоятӣ бахшида ба ​таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Субҳи имрӯз дар назди муҷассамаи азнавсозишудаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавӣ, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Эмомалӣ Собирзода ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, баён дошт, ки гузашти вақт ҳар қадар моро аз солҳои душвори ҷанг дуртар мебарад, ҳамон андоза аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният равшантар мегардад. Гуфта шуд, ки набардҳои хунини солҳои 1941-1945 ба ҳар як хонадони сокинони вилоят таъсири ҷуброннопазир гузошта, садҳо ҳазор ҷавонмардонро, ки дар ҷангҳои пурфоҷеа ширкат намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд, ба коми худ фурӯ кашид. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Ҳамчунин генерал - лейтенант Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармад карда, зикр дошт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст. Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Барои ҳамин мардуми сулҳдӯсти кишварҳои гуногуни дунё ҳар сол нӯҳуми майро ҳамчун санаи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ таҷлил мекунанд.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд гулчанбар гузошт.

Маврид ба зикр аст, ки дар қатори кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар чорабинӣ ширкат варзида, ба хотири арҷгузорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанг гулчамбар гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ