​Маркаб ба сайри чарогоҳ ҳунар дорад?!

Ҳамаи намудҳои алоҳидаи организмҳои зиндаи сайёраи Замин дорои макони муайяни зист ва доираи фаъолияти махсус мебошанд ва дар ҳолати берун гардидан аз он ҳалок мешаванд. Исбот гардидааст, ки онон дорои қобилияти мутобиқшавӣ мебошанд, ки ин раванди таҳаввулоти давраҳои басо тӯлониро металабад. Аз ин лиҳоз, махлуқони зинда ҳеҷ вақт агар омили беруна таъсир нарасонад, шароити ҳаётии худ тағйир намедиҳанд. Масалан, маркабе, ки машҳур бо якравию тоқатпазирӣ ба машаққати ҳаррӯза шудааст, наметавонад дар чарогоҳҳое, ки писанди чорпои дигар аст, ҷойгоҳи мусоиди ҳаётӣ пайдо кунад.

Дар радифи маҷозӣ мехоҳам баён созам, ки идораи мамлакати мустақил ва таъмини пешбурди муваффақонаи он кори саҳле нест, ки ҳар касе хоҳад комёби пешравӣ бошад. Баъзан, дар байни ҷомеа ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар мешавем, ки нафаре, ки худ на маълумоти казоӣ, на таҷрибаи кофии ҳаётӣ, на касбу ҳунари шоиста мебошад, ба амалҳои роҳбариятиолии Тоҷикистони гармоғӯш хӯрдагирӣ менамояд. Наход ин бетамизон андеша надоранд, ки мақоми давлатдорӣ масъулияти баланду маҳорати касбӣ, истеъдоди фавқуллодаву фидокорӣ, сатҳи баланди дониш, малака, маҳорат, сидқу вафо ва дигар хислатҳои волои инсониро металабад, ки на ҳар фард соҳиби ин фазилатҳост. Агар, нафари беҳунар сазовори мансабе гардаду онро комёбона ӯҳда карда натавонад ҳолу аҳволи зердастонашро пеши назар оваред?!

Ҳангоме, ки наҳзатиёни ватанфурӯшу хоини ватангадо бобати амалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эроду хӯрдагарӣ менамоянд, мехоҳам аз ин нафарони ориентири ҳаётӣ гумкардаву мутеи нафси бади худ ва хоҷагони хориҷии маблағгузор пурсон шавам, ки муваққатан бошад ҳам, соли 1992 – юм ва баъдан, тибқи квотаи 30 фоиза соҳиби мансаб шуданду чӣ амали муфиде ба мардум кардед?!

Ҷонибдорони наҳзатӣдар мансабҳои давлатӣ танҳо барои ҷамъоварии маблағ машғул буданду вазифаҳои хизматиашонро ақаллан ба таври алоқадри ҳол иҷро карда натавонистанд. Имрӯз, ки даъвои мансабу давлатдорӣ мекунед, аз шумоёни ландаҳур чӣ интизор шавем?! Канӣ он нишондоди амали муваффақонаатон, ки бо он фахр намоем? Танҳо хиёнату виҷдонфурӯширо, ки эҳтимолан аз амали зани танфурӯш ё худ фоҳиша пасттар аст, тавонистеду халос. Агар розӣ нестед, далели аниқе пешниҳод намоед! Таърих гувоҳ аст,ки побанди нафси худ буданду ҳастеду мемонед! Давлатдориву мансабро ҳамчун манбаи даромад медонеду мардуми заҳматкашро ғуломи ҳалқабаргӯш дидан мехоҳад? Ин тавр, ки бошад, чӣ фарқият байни наҳзатиёни ифротгарову маркаби ҳаваси чарогоҳ дошта? Иртиботи маркаб ба чарогоҳ хоҳ нохоҳ бо шаттахӯрии он ва бозгашт ба фаъолияти пешинааш анҷом меёбад. Вале, касофати давлатхоҳиву мансабталошиҳобоиси машаққати мардумишарифи заҳматкаши кишвар ва барбодёбии дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ мешаваду бас!?

Бинобар ин, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ давру замон намегузоранд, ки беҳунарони ландаҳур ба давлату давлатдорони мо бо чашми ғаразу нияти сиёҳ назар афканад. Ҳамагон омодаи маҳкуми амалҳои муғризонаи наҳзатиён ҳастанду ҳамеша бо сарварони комгори худ ифтихор менамоянд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ