​Паёми Пешвои миллат - барномаи илмӣ ва бунёдии ояндасоз

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар хобгоҳи № 2 бо донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва физикаю техника мизи мудаввар доир гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар доираи мизи мудаввар донишҷӯён оид ба самтҳои Паём фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Намояндаи раёсати донишгоҳ, мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Рустамова Заррина аз донишҷӯён даъват намуд, ки Паёмро дар меҳфари зиндагӣ ва таҳсили худ қарор дода, ҷиҳати рушди Ватан саҳми арзишманд гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ