​Сипари боэътимоди Ватан

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо намояндагони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд мулоқот доир гардид. Мулоқоти мазкур ҷиҳати таҷлил аз рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ доир гардид.

Декани факултет профессор Абдуллоева Меҳринисо дар бораи саҳми сарбозону афсарони кишвар ҷиҳати ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ сухан намуд.

Гуфта шуд, ки сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои вазнин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодиамон ва ҳимоя намудани дастовардҳои беназири Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон хизмати содиқонаву арзанда мекунанд.

Донишҷӯён бо забонҳои англисиву тоҷикӣ оид ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ дода, дар васфи Тоҷикистон шеърҳои пурмазмун қироат намуда, сурудҳо сароиданд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, он дар шароити басо вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилотҳои зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоби сангинеро тай карда, имрӯз он дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад” – таъкид намуд намояндаи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ревазода М. Номбурда аз донишҷӯён даъват намуд, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷиҳати ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол саҳим бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ