ДДХ: фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021”

Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” миёнаи дастаҳои факултети биология ва химия, забонҳои хориҷӣ, геоэкология ва филологияи рус аз рӯйи номинаҳои “Баромади ровиҳо”, “Навозиши умумӣ ё якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” доир гардид.

Дар ин бора мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба намояндагони насли ҷавон маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври мазкури фестивал факултети забонҳои хориҷӣ бо бадаст овардани 30,75 хол дар даври мазкур ғолиб дониста шуд.

Хотиррасон менамоем, ки фестивали мазкур умумидонишгоҳӣ буда, дар он иштироки ҳамаи 17 факултаҳои донишгоҳ дар назар аст.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ