​Изҳорот: ИЗЗАТИ БЕИЗЗАТ

Инсон, одамият фардиятест, ки дорои аклу заковати бузург буда мебинад, мешунавад, ҳама чизро дарк мекунад ва хамаи дидаву шунидахояшро бо ёрии аклу идрок натичагирӣ намуда, худро аз бадию ночурихо дар канор мегирад. Вале мутаъсифона нафароне ҳастанд, ки аз ин қолаб беун ҳастанду рафтору кирдорашон ғайриодамист. Иззат Амон аз қабили ин гуна одамҳост, ки зери чеҳраи бегуноҳаш қолабе вуҷуд дорад, ки сар то по фиребу найранг аст. Марги ин гуна инсонҳост, ки азРусия истода бо роҳи фиребу найранг дар шаҳри мусофири ҳаммиллати хешро фиреб медиҳаду ғорат мекунад. Ҳол он, ки мардуми мо бо умед ба сӯи русия барои ёфтани бурдаи нон ва беҳтар намудани зиндагии худ мераванд. Мутаъсифона аз нодони ба дасти чунин қаллобон мефароянду рузашон сиёҳ мешавад.

Одамият агар ки беадаб аст, одам нест. Пас фарқ дар байни бани одаму хайвон адаб аст, инсоф аст, ақлу дониш аст. Оре, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки махз тавассути аклу хирад, илму маданият, фархангу адаби худ аз дигар офаридахои Офаридгори бузург тафовут дорад. Миллати тоҷик низ аз қабили ин гуна афродҳост, ки ҳамеша некхоҳи ҳамдигар аст.

Иззат Амон аз қабили онгуна инсонҳост, ки сиришташ сар то по фиребу найранг аст. Пеш аз хама бетарбиятӣ, беадабӣ, бемаданияти, дуздию мардумфиреби, авбошию бадмастӣ, киначуиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба катори хислатхои номатлуби Иззат Амон дохил мешаванд, ки инсонро ба касодию беиффатй ва беобругиву шармандагӣ оварда мерасонанд. Давидани гӯсола то каҳдон гуфтаанд. Хушбахтона ин марди роҳзану авбош дастгир шуд. Чуноне, ки мо тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем Иззат Амон аз соли 1996 то ин ҷониб шаҳрванди Русия асту ҳаммаслакони зиёдеро бо худ ҷамъ кардааст. Иззат Амон қатори хоинони миллат чун Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин дар руихати сиёҳ қарор дорад. Ин гуна одамон барои худашон чоҳ мекобанд, ки дар интиҳо худашон ба он меафтанд. Чоҳкан зери чоҳ аст. Ҳақиқат талх аст вале қонун барои ҳама як аст вабигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад зеро вай ба ин сазовор аст. Ва ин амали вай ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоене, ки ба ин кор машғуланд оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Зеро ҳақиқат ҳамеша ғолиб меояд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ