​Изҳорот: Ҳарду яке аст...

Дар садаи кунунӣ ҷанги наве пайдо гаштааст, ки онро ҷангҳои иттилоотӣ ном мебаранд. Агар дар ҷангҳои пешина майдони набард, фронти ҷанг таъин бошад, дар ҷангҳои иттилоотӣ майдони набард тамоми воситаҳои иртиботӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки ҳадафи онҳо вайрон кардани афкори мардум ва ба хусус истифодабарандагони шабакаҳои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар ҷанги иттилоотӣ тӯпу туфангу танку зиреҳпӯш истифода намегардад, дар он афсарону сарбозони либоси низомипӯш ба назар намерасанд. Дар чунин ҷангҳои иттилоотӣ шахсони махсусан омӯзонидашуда ба парокандани фикрҳои ихтилофангез, андешаҳои ҷудоихоҳӣ, даъвоҳои сиёсӣ ва ба ном демократӣ машғул мегарданд. Ҳадафи ҷангҳои иттилоотӣ ҳам таъин аст: тағйир додани андеша ва афкори мардум ва таъсир расонидан ба андешаҳои онон аст.

Аз шабакаҳои итттилоотӣ ва ба хусус аз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мардуми омма, ки аксаран аз асли воқеаҳо бехабаранд истифода мекунанд. Ба ном журналистон, вале дар асл кормандони зархариди ин ё он созмони манфиатхоҳ барои тағйир додани андешаи мардум хизмат мекунанд.

Сомонаи иѓвобарангези “Ахбор ком” ва сардабири он Мирзои Салимпур яке аз кормандон ва ё хизматгарони “пуштибонони демократия” буд ва барои пошидани тухми нифоқу парокандагӣ хабарҳои иғвоангезро нашр мекард. Агар маводҳои ин расона воқеан таҳлилӣ ва касбӣ мебуданд, бетарафии рӯзноманигор дар нашри иттилоъ риоя мегашт, ҳаргиз онро Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ намекард, аммо воқеият тамоман дигар аст...

Дар расонаҳои хабарӣ мавод паҳн гашт, ки Ахборком фаъолияташро қатъ кард, аммо нодурустии онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо гаштани гурӯҳи “Бомдод” исбот кард. Гӯиё дарро бастанду аз тиреза даробаро мекардагӣ шуданд. Гурӯҳи навташкили “Бомдод” ҳам ҳамон “Ахборком”-и пешина аст. Ба таври дигар гӯем дастгоҳи нави хоинони ватан ва миллати тоҷик, ки мехоҳанд аз зери нохунҳо чирк кофта, як айбро бо ҳазор ҷилва ва ҳазор дастовардро нодида бигиранд.

Дар майдони ҷанги иттилоотӣ ин нохалафон иғвоангезии худро идома додан мегиранд. Барои онҳо муҳим чанд тангае аст, ки “саробонони рушди демократия” медиҳанд, ки онҳо ҳам дар навбати худ ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ доранд.

Шаҳром Шодиев–устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ