​Вохӯрии намояндаи ширкати “Душанбе Сити” бо омӯзгорони донишгоҳ

Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо намояндагони ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» баргузор гардид.

Дар он Фирӯз Рӯзиев - намояндаи ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, Ҷамшед Раҳимов - сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ, Гулнора Узоқова - декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, Дилшод Музафаров - декани факултети математика ва зиёда аз 80 нафар намояндагони факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Фирӯз Рӯзиев тартиби истифодаи кортҳои ”Душанбе Сити”, кортҳои нақлиётӣ, бонусҳо ва дигар имкониятҳоро муаррифӣ кард. Таъкид карда шуд, ки ширкати ”Душанбе Сити” яке аз ташкилоти амонатии қарзии муваффақ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зиёда аз 500 адад банкоматҳо барои гирифтани маблағ дорад.

Дар охир иштирокчиён, намояндаи ширкат ва масъулон оид ба истифодабарии кортҳои электронӣ, ҳалли муаммоҳои худ саволу ҷавоб гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади ба танзим даровардани бақайдгирии электронии донишҷӯён бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷиҳати ҷорӣ намудани корти ягонаи донишҷӯ дар ҳамкорӣ бо ҶДММ ТАҚХ ”Душанбе Сити” тасмим гирифта шудааст. Дар донишгоҳ аз соли таҳсили нав низоми бақайдгирии автоматии кормандон ва донишҷӯён ба кор дароварда мешавад. Дар назар аст, ки корти донишҷӯ дар донишгоҳ барои бақайдгирии иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ, иштирок дар имтиҳоноти маркази тестӣ, ба қайдгирӣ дар китобхона, хобгоҳ истифода мегардад. Инчунин тавассути корти мазкур пардохти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар амалиётҳои молиявии бонкӣ имконпазир аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ