​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Густариши низоми рақамӣ тақозо мекунад, ки дар соҳаҳои банақшагирии истеҳсолот, сохтмон ва истифодабарии воситаҳои алоқа, низоми ирсоли бисёршабакавӣ, шабакаҳои дорои нахҳои оптикӣ, таҷҳизотҳои алоқаи телефонӣ ва телеграф, радио ва телевизион, шабакаҳои алоқаи иттилоотӣ ва компутерӣ мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ тайёр карда шаванд.

Аз ин рӯ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи ихтисоси cистемаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ мутахассис тайёр карда мешавад, ки аз рӯи ихтисоси мазкур азхуд намудани ин соҳот имконпазир мегардад.

Ихтисоси cистемаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рамзи 1 45 01 01 омадааст.

Дар ихтисоси мазкур таҳсил ба тариқи ройгон ва пулакӣ ба роҳ монда шуда, муҳлати он 4 сол ва дараҷа бакалавр аст. Намуди таҳсил рӯзона ва фосилавӣ буда, хатмкунандагон соҳиби тахассуси муҳандис - аналитики соҳаи телекоммуникатсия мешаванд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Бо донишгоҳи мо ояндаи худро дурахшон намо!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ