​Эҷоди ҳангома дар масъалаи рўзи интихобот бар манфиати кист?

Эълони ғайриқонунии қарори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйини санаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зойиров хилофи аслу воқеият ва манфиатҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар буда, ба ҷуз хоҳиши эҷоди ҳангома ва ҳангомапароканӣ доштани ў ва ҳамфикронаш дигар заррае эътибор надорад. Дар шароити имрўз воҳимапарокание чунин ба ҷуз дахли беҳуда ва тахрибкории фикрӣ дигар чизе нест. Аллакай фикр мекунем, ки чунин изҳорот ба фазои иҷтимоии кишвар нақши номатлуб нахоҳад гузошт, магар ин ки чанд мухолифи ормонҳои миллии тоҷикӣ ин ҳангомаро мехоҳанд бар суду манфиати худ истифода кунанд. Аммо дар ин ҳол низ ягон манфиате аз ин нахоҳад буд. Мардум дар шароити имрўз роҳи таърихии Тоҷикистонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ хуш пазируфта ва интихоботи президентӣ низ дар ҳоли шаффофу хуб хоҳад гузашт.

Шахсоне амсоли Раҳматуллоҳ Зоиров эҷоди ҳангомаро дар фазои куллии иҷтимоӣ ва ба намоиш гузоштани андешаҳои норасоро дар сатҳи чорабиниҳои умумикишварӣ яллакай як навъ усул истифода мебарад. Ин амр аз назари равоншиносӣ қобили таваҷҷўҳ аст, ки нафари мухолифи ормонҳои ҷомеаи Тоҷикистон ҳадафи дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш нишон доданро дорад. Аз тарафи дигар, ў бо ин роҳ мехоҳад, ки ҳастии суолангези худро аз нав ба фазои иҷтимоӣ бароварад. Ин гуна рафтор дар шароити навъ инқилобӣ ё интихоботҳои сатҳи баланд амри табиист. Раҳматулло Зоиров – даъвогари “мумтоз” амалкарди Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистонро худсарона мехонад ва хостори он аст, ки раисони ҳарду палатаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷазо бигиранд. Ин ки Раҳматулло Зойиров Додгоҳи конститутсионӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистонро барои баҳои ҳуқуқӣдодан ба моҳияти қарори Маҷлиси олӣ даъват кардааст, назари шахсӣ ва назари ҳамфикрони ҳизбии ўст, ки ягон масъаларо ба манфиати миллату кишвар халлу фасл нахоҳад кард.

Хоҳем нахоҳем ин амалу рафтор маънии ба таври худӣ, худхоҳона“арзиш додан” ба андешаи норасои ҳизбӣ ва тарғиби худхоҳонаи ғояҳои ҳизбии худиро дорад ва хилофи талаботи аслии кишвар аст. Ин роҳу равиш шояд барои муддати кутоҳ муҳим намояд, ки гузаранда аст. Ҳангомасозӣ дар мароҳили муассири таърихро аксари ниҳодҳои мухолиф муҳим ба шумор меоранд, аммо қувват додани ин гуна ҳангома дар матбуот ва сомонаҳои иттилоотии фейсбукӣ ҳаргиз барои мо роҳи ҳалли масъаларо пайдо намекунад. Баръакс, ҳисси нафратро бар ҳамдигар метезонад. Ҷомеаҳои башарӣ алҳол дар марҳалаи муассир қарор доранд. Бинобар ин дар назди давлату халқҳо вазифаҳое муҳим истодаанд, ки ҳаллу фасли онҳо на чунин иғвогариву чирккобӣ, балки муносибати хушу одилонаро тақозо доранд.

Ҷамшеди Комрон-устоди МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ