​ДДХ: Ошноии донишҷӯён бо низоми давлатдорию идоракунӣ

Аз 19-ум то 24-уми апрели соли равон, Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронида шуд.

Дар ҳафта 14 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ки тибқи озмун барои иштирок роҳхат гирифта буданд, ҷалб гаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯён дар доираи ҳафтаи иштирок дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда ва пурмасъулро иҷро намуда, бо фаъолияти амалӣ дар низоми давлатдорию идоракунӣ аз наздик шинос шуданд.


Хотирнишон менамоем, ки иқдоми мазкур дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29-уми январи соли 2021, таҳти №47 «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ