​Изҳорот: Хиёнаткор Ватану миллат ва дину мазҳаб надорад

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ Муроҷиатномаи якчанд аҳли зиё ва равшанфикрон, ходимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони “муроҷиатнома ба Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона ё вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат” мутолиа намудам.

Ин муроҷиатнома воқеан дар замони хуруҷи ҳамагирии бемории сироятии коронавирус хеле саривақтӣ ва муфид мебошад. Зеро нахустин андешае, ки дар он бо назардошти хусусиятҳои хоси замони имрӯз дарҷ гардидааст, ин канори ҳам будану даст ба дасти ҳамдигар муттаҳидтар гардидан бо вабои аср маҳсуб меёбад. Мушоҳидаҳо собит месозад, ки дар ин рӯзҳои вазнину ҳассос аксари мухолифин ва рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои олам дар вазъияти ниҳоят ҳассос канори давлату миллат ва сокинони худ қарор гирифта, бо пешниҳоди андешаву мафкураҳои созанда кӯшиш намуда истодаанд дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус ғолиб оянд. Аммо тангназарону бадхоҳони миллати тоҷик аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом на балки аз ғаразҳои нопоки худ даст кашиданд, балки ҳатто ба ин кирдору рафтори разилонаву манфури худ такон бахшида, шиддати туҳмату буҳтон ва ғаразу иғвогариҳои худро афзоиш дода, аз марги ҳамватанони худ, ки бо сироятёбӣ аз бемории сироятии коронавирус ба ҳалокат мерасанд шоду масрур шуда, ҳангома месозанд.

Ин тангназарон гумон карда истодаанд, ки худро ба мардум ба ин корашон содиқу ғамхор нишон медиҳанд. Аммо ин кирдори наҳзатиёни гумроҳ, равғангезӣ ба оташи дарди сироятёфтагон аз бемории сироятии коронавирус ҳаст.

Ба андешаи донишмандони тоҷик “дар саҳифаҳои торики таърихи муосири тоҷик ба ном мухолифоне (ҳизби экстремистию террористии наҳзати исломӣ ва доираҳои ба он наздик дар назар аст) сабт хоҳанд шуд, ки дар вазъияти мушкили равонию беҳдоштӣ, ки халқи тоҷикро нигарон кардааст, канори давлату миллат наистода, баръакс, шӯру ҳангома меандозанд ва аз ин кори хеш лаззат ҳам мебаранд”. Ин андеша ҷойи баҳс надорад ва дар дар сад дуруст аст. Мо амалҳои новавонмардонаи ин хоинони миллатро маҳкум менамоем.

Фарзона Сатторова,

омӯзгори факултети санъати тасвирӣ ва технологияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ