Хиёнатҳои Кабирӣ ва ҳизби хиёнаткор
Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ҳамаи ҷумҳуриҳои он аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст оварданд. Аммо оғози солҳои истиқлолият барои давлати ҷавони мо Тоҷикистон осон набуд. Агар ҷумҳуриҳои дигари бародар ба таври осоишта моликиятро ғайридавлатӣ ва хусусӣ гардонида, ба буҷаи худ даромади муайян гирифта бошанд, дар Тоҷикистон ин амал бар асари нобасомониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талаву тороҷ гардид ва рушди иқтисодиёт, фарҳангу маориф ва идоракунии давлатӣ низ коҳиш ёфт. Аҳволи мардум бисёр вазнин шуда, фавти одамони бегуноҳ, фирорию муҳоҷири иҷборӣ шудани шаҳрвандони мо низ аз ҳамон оқибатҳои манфии нобасомониҳои солҳои навадум аст. Аз вазъияти баамаломада душманони миллат муборизаи мафкуравии худро идома дода, мардуми аз сиёсат хуб огоҳӣ надоштаро ба майдоннишинову митингҳо ҷалб карданд.
Бо тамошои филми “Хиёнат” ва дигар манбаҳо, маълумотҳову натиҷагириҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз мо хуб медонем, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон киҳо буданд, дар паси онҳо ки меистод ва онҳо чӣ мақсад доштанд.
Дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, давлатҳо мустаъқилу соҳибихтиёр ҳастанд, низоми идоракунии демократиро пеша намудаанд, ҳуқуқҳои инсонро арзишӣ олӣ меҳисобанд, мисли асрҳои гузашта, хоки якдигарро ошкоро забт намекунанд, аммо оташи ҷанги сард, ҷанги иттилоотӣ байни давлатҳои абарқудрат, хадамотҳои махсуси ҷосусии онҳо рӯз то рӯз алангаи зиёд гирифта, сабаби марги одамон, ноором сохтани вазъи сиёсии давлатҳои алоҳида, ба тарсу ҳарос андохтани одамон, бо паҳн кардани маълумотҳои таҳрифшуда ба дудилагӣ, шубҳаву гумон ва кӯчаи сарбаста бурдани шаҳрвандони кишварҳои алоҳида, содир намудани амалҳои террористӣ ва бо ҳамин роҳ зери даст кардан ва ҷори намудани сиёсати бегона идома дорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки абарқудратҳо имрӯз дар оғоз бо тиру туфанг ошкоро ҷанг намекунанд, яроқи асосии онҳо шахсони дуруя, мансабталош, ифротӣ, аламзада ва зудбовар мебошанд, ки онҳоро солҳои сол хоҷагони хориҷӣ ба худ ҷалб намуда, ҳамаҷониба омода месозанд ва дар як вазъияти барояшон мувофиқ бар зидди давлату сарзамини худашон ҳамчун душмани қаттол мефиристанд. Сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ маҳс дахолати ғайриқонунии давлатҳои хориҷӣ ва “дастаи гургон”-и омодакардаашон бо номи ТТЭ ҲНИ мебошад.
Имрӯзҳо абарқудратҳо аввал усули бо роҳи мафкуравӣ ноором сохтани дохили давлатҳоро пеша намуда, сипас гӯё барои ором сохтани вазъи давлатҳои ҷангзада қувваи ҳарбӣ ва техникаи ҷангии худро рӯирост истифода мебаранд, ки ба ин Сурия, Ироқ, Ливия, Афғонистон ва ғ. мисол шуда метавонанд. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурии мо низ абарқудратҳо чунин нақшаҳо кашида, хостанд бо истифодаи ҳизби ифротии наҳзати ислом мардумро гумроҳ, мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, сохтори конститутсиониро тағйир диҳанд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв шудани давлат ҳам пайдо шуда буд.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нақшаву ниятҳои душманонро саривақт дарк намуда, бо роҳи ба ҳам овардани мардуми шарафманди тоҷик, сулҳу салоҳ байни онҳо ба чунин қувваҳои аҳриманӣ ғолиб омад. Ҳизби наҳзат бо иловаи калимаи “ислом” фиреб додани мардумро идома дода, ҳатто баъди баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ хиёнатҳои худро пинҳонӣ идома бахшид. Роҳбари охирони ин ҳизби террористӣ М.Кабирӣ, ки аз хоҷагони хориҷӣ маблағҳои зиёдро барои иҷрои дастурҳои нопок гирифта буд, ба ташкили табаддулоти давлатӣ бо ҳамроҳии Ҳалим Назарзодаи хоин, собиқ муовини Вазири мудофиа буд соли 2015 даст зад. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дастаи ҷинояткоронаи ин хиёнаткорон безарар гардонида шуд.
Дар филми Хиёнат тамоми корҳои сиёҳ, пасипардагӣ, ноҷавонмардонаи Кабирӣ, писараш, Назарзода ва дигар нафаронро шоҳидони ҳол, ки ҳамон вақт одамони наздики Кабирӣ буданд нақл карданд. Ин факту далелҳое, ки шоҳидони зинда баён намуданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ бо далелҳои раднопазир исбот намудааст.
Кабирӣ ва паймони сохтаву бофтаи ӯ то ҳол тавассути шабакаҳои ифротии иҷтимоӣ баромад карда, хоҷагони хориҷии худро ором ва бо ин лаққиданҳои дурӯғин як бурида нон мехӯранд, аз дидаашон хун мечакад, гӯё кӯр шудаанду равшанӣ, хушбахтӣ, садоқат ба Ватан, меҳру муҳаббат ба зарзаминро гӯё дигар намебинанд.
Пас аз тамошои филми мустанади Хиёнат, ки воқеан дуруст номгузорӣ гардидааст, бори дигар амалу хиёнаткорӣ, ҷосусиву палидӣ ва бозиҳои пасипардагии абарқудратҳоро ошкор намуд. Ҳар шахси бедордилу закӣ баъди тамошои филми мазкур бори дигар хиёнатҳои нобахшидании Кабирии рӯбоҳ ва ҳаммаслакони ӯро бо чашми худ диданд.
Имрӯз мо бояд аз пештара бештар ҳушёру зирак бошем, бетарафӣ накунем, ҳамеша ҳамроҳи мақомоти давлатӣ бошем, ватанамонро дуст дорем, нагузорем, ки ягон нохалафе, сиёсат, фарҳанг ва ақидаи бегонаро ба сарзамини мо ворид накунад.
Ҷабборов И.Р., декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров