Ақидаҳои ифротӣ хатар ба ҷомеаи имрўза

Барои дар сулҳу суботу амният нигоҳ доштани Ватани азизамон кўшишу заҳматҳои бевоситаи Сарвари давлатамон ва инчунинмақомотҳои дахлдор бузург аст. Барои ин чӣ қадар корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки ин албатта бо дастгирии онҳо ва инчунин халқи сарбаланди тоҷик маҳсуб меёбад.

Дар ҷомеаи имрўза шахсиятҳое вомехўранд, ки дар мамлакати хориҷӣ дар як гўша нишаста бо қаллобию дигар корҳои ғайриинсонӣ машғул ҳастанд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба кирдорҳои қаллобӣ ва ақидаҳои ифротӣ айбдор карда мешавад.

Ифродгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият, буда оқибат бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифродгароӣ ба тартиботи ҷамъият хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои взнинро низ ба миён меорад. Аз ин хотир, ҳифзи шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон аз чунин гурўҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарҷо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ мебошад.

Дини мубини ислом низ ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухўрдҳоеро, ки нерўҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд.

Ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқодҳои динии дигар, дар заминаи инсондўстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

Дар ҳар як баромади худ Сарвари муаззами миллат махсусан ин масъалаҳоро қайд мекунанд ва мо ҳамчун халқи соҳибфарҳангу қавиирода бояд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем ва бо ин ақидаҳои ифротӣ мубориза барем ва нагузорем, ки онҳо ба пешрафти ҷомеа халал расонад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ