​Нохалафӣ оқибати бад дорад...

Террор, куштор, таҷовуз ба номусу хиёнат бар Ватан амалҳое мебошанд, ки касро ба ваҳм меовараду мардумро ба таҳаллука меандозад. Ин ҳама рафтор дар ниҳоду ғояи амалҳои аъзоёни собиқ ҳизби наҳзат дида мешаваду аз ҷониби мардуми сулҳпарвару ваҳдатсаро борони нафрат бар сӯи наҳзатиёни наҳс меборад.Худ бинандаву шунавандаи барномаву маводҳои пур аз фасод сомонаҳои Ислоҳ.нет, Паём.нету Бомдод ва ғайраҳо агар бо тарозуи ақлу саҳфаҳои таърих бар бикашад, бе шубҳа гувоҳи гумроҳкунии мардуму фиребу буҳтони онон огоҳӣ пайдо мекунад. Гуфтаҳои ҳам М.Кабириву ҳам Муҳаммадиқбол, ки худро донандаи илми диниву дунявӣ мегиранду гӯиё ба Ватани аҷдодиашон “дилашон месӯзад”, ба пуррагӣ амалҳои хоинонаро шабеҳ ҳастанд.

Таърихгувоҳаст,нафаре, ки танҳо бо меҳнати ҳалолмашғуласт, (деҳконӣ, омўзгорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ…)бойбуда наметавонад.Маблағе,ки ба даст меорад ғайр аз таъмини аъзоёни оилаи худаш ба чизе дигаре намерасад (агаррасад, баавлодаш кўмак мерасонад) вале итминон дорад, ки нонаш ҳалол асту ҳеҷ нобакорие нахоҳад кард!Вақтеки,маблағҳои барои амалҳои террористӣмасрафшударотариқи расонаҳои хабарӣмешунавед, ангушти ҳайрат мегазед ва ба андеша мекунед, киманбаъ куҷо бошад?. Албатта, маблағҳоимазкур тариқи фиреб, фурўши маводи мухаддир, қатлу ғорат, ғасби молу мулку одамрабоӣ ба даст меояд ва бинобар ин барои мақсади нопоки террористон истифода мешавадуинтиқолдиҳандагон шояд соҳиби аслии чунин пулҳои калоннабошанд.

Дар хазинаи тиллоии мардуми тоҷикзарбулмасале ҳаст:«Харҷ агар аз киссаи меҳмон бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад».Маблағузороне, ки амали худро«ҷиҳод» мешуморанд, хуб мебудаз заковату сухандонии аҷдодони хеш низ бархӯрдор мешудандва аз амалҳои нопоки худ даст кашида, маблағҳои изофиашонроба ободии ягон кунҷакиТоҷикистони биҳиштосомасраф менамуданд. (ҳарчанд эҳтиёҷ ба хизмати«хирсона»-и онҳо надорем). Вале боз бар он, ки худро “Ватандӯст” меҳисобанду дилашон бар кишвар месӯзад, гуфтанием: Амалҳои муғризонаи худро як сӯй гузоред, бо барномаҳои бемаъниву пучи худ, ки бонги ободӣ мезанеду миллати бофарҳанги тоҷикро дар арсаи ҷаҳон “муаррифӣ” насозед! Ба ин миллат ва ба ин сарзамин “ғамхорӣ”-ҳои шумоён лозим нест!

Мо ҳама ҳам ободему ҳам озодем!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ