Фанои наҳзатиён наздик шудааст
Ҳамаи фардҳо давоми ҳаёти худ машғули ҳар касбу коре буда фароғати хобравӣ ҷузъи муҳими барқароршавии нерӯи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мебошад. Одатан, фарди серзаҳмат сахт кӯфта мешаваду хобаш сахт мебараду хоб ҳам намебинад. Аксаран, фардҳое,ки давоми рӯз меҳнати казоӣ намекунанд, ба хоби сахт намераванду бисёртар хоб мебинанд, ки нишонаи камҳаракативу ноустувории рӯҳӣ мебошад. Дар ин радиф мехостам хаёлоти ҳаҷвиёнае баён созам, ки эҳтимолияти баланди воқеишавиро дорост:
Саргири ҳизби мамнӯи наҳзати ислом Кабирии манфуру муғриз баъд аз машаққатҳои тӯлонии иғвоангезию дасисабофӣ ва кашидани тори анкабут мехоҳад каме ором гирад ва сар ба болин мемонаду ғанаб мекунад. Дар хоб мебинад, ки худаш бо либоси жӯлидаи қаландарона ва думравонаш аз ақиб бо чунин ҳол дар бешае раҳгум задаанду ҷустуҷӯи раҳоӣ аз ин ҳолатро доранд. Вале, ҳар буттаву нимбутта, дарахтон ва ҳатто майсаҳо садди роҳи наҳзатиён шуда ба пойҳояшон мечаспиданду аз пеши чашмонашон роҳро панаҳу ноаён мекарданд. Бар замми он, овозу нидоҳои даҳшатонаи ҳайвоноти вуҳуш ба гӯш мерасид, ки ҳароси наҳзатиёнро дучанд меафзуд. Чунин ҳолат муддате чанд идома ёфту ҳисси ташнагӣ ва гушнагӣ пайдо шуд, ки алҳақ мусулмони комил дар моҳи шарифи Рамазонғолибу ҷилавгири нафс аст. Вале, Кабирии палиди баднафс аз ин ҳиссиёт нороҳат гашта, хӯрока ва об меҷусту пайдо намекарду назараш ба чоплусонаш афтод, ки ҳоли табоҳтар аз ӯ доранд. Нарраи шери жаён Кабириро он қадар тарсонд.ки аз хоб бедор шуду беҳушу бехаёл ҳаммаслакони иблиссифати худро наздаш хонду ҷамъ овард ва хоби худ нақл карду таъбири он пурсон шуд. Аз нақли пурраи Муҳиддин Кабирӣ думравонашро воҳима гирифт ва ҳама бо тарсу ҳарс хомӯшу лол монданд. Зеро, то ин давра аз оқибат андеша намекарданду дар таъбири хоби Кабирӣ фоли сиёҳрӯзӣ диданд. Пай бурданд, ки амалҳои фосиқонаю хешонаро рӯзи ҷазои мувофиқ расидааст ва оташи дӯзах насибашон будааст. Танҳо Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз дунё бештар дидаанду дар байни ҳар тоифа аз рамаи гӯсфандон то қумондонҳои ҳамҷинсгаро ҳаёт бурдаанд, аз ҷояшон бархостанду бидуни айёриву риёкорӣ, ки табиати онҳост, баланд дод заданд, ки“Вой бар ҳоли моён, ки ҳақиқати наздикшуда дар хоб аён шудааст”! Баъд аз шунидани ин таъбир ранги Кабирӣ тағйир ёфт ва қариб буд, ки дилаш кафад. Зеро, ӯ намехоҳад ҳамаи сарватҳои тавассути хоиниву ватанфурӯшӣ ба даст овардааш ба каси дигар боқӣ монад,ҳатто гарчанд фарзанди ӯ бошад. Ин аст нишонаи баднафсии Кабириву фанои наздики наҳзатиёни палид!!!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология