​ДДХ: Даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат” оғоз гашт

Имрӯз, 26-уми апрел, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат” оғоз гардид. Дар ин бора, аз шуъбаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар рӯзи аввал озмун аз рӯйи номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ бо иштироки 34 олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён ҷараён гирифт.

Гуфта шуд, ки дар озмун донишҷӯён аз рӯи 7 номина: ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Дар сатҳи факултетҳои донишгоҳ бо шумули 989 олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гашт, ки 212 нафар ба тартиби зайл: номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 34 нафар, номинаи математика 34 нафар, наминаи физика 16 нафар, номинаи химия 31 нафар, номинаи биология 33 нафар, номинатсияи география 26 нафар ва номинаи технологияҳои иттилоотӣ 38 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

Даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат” то 28 апрел баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории озмуни мавриди назар, ки ба рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав заминаи мусоид мегузорад, дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат”ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) маънидод карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ