Рисолаи тоҷиконаро аз даст намедиҳем!
Халқи тоҷик аз аҳди бостон дар муносибат бо ҳамсоягон дўстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Мақоли “аз хеши дур ҳамсояи наздик”-ро, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, бо тамоми ҷузъиёташ риоя менамуданду менамоянд. Аммо вақте сухан дар бораи якпорчагии Тоҷикистону ғасби марзҳои Ватан меравад, ин ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амалро ҳар як тоҷику тоҷикистони нодида намегирад ва моро бе тараф гузошта наметавонад. Таърих хуб медонад, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ замон ар маҷмӯъ шахси мушоҳидакори оддӣ, тамошобин ва ғайрифаъол набуд. Вай ҳамеша ва дар ҳар шароит баҳри бақои худ, бақои халқу Ватани худ фаъолона мубориза бурдааст, саъю кӯшишҳо ба харҷ додааст. Тоҷикон, ки аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, дар қарнҳои гуногун давлату давлатдории худро созмон дода, онро то қатраи охирини хун ҳимоя кардаанд. Ҳам юнониҳову ҳам арабҳо, ҳам муғулу ҳам манғиту туркҳо зарби гурзу захми шамшери моро чашида, оҳу нолакунон ба мулки худ баргаштаанд. Дар ин ҳарбу зарбҳои чандинсола, дар ин хунрезиҳо, дар ин макру ҳиллаҳо халқи дигар мешуд, тоб намеовард, аз байн мерафт. Вале тоҷикро шаъну шарафи каёниаш, ору номусаш, арзишҳои маънаиаш нагузоштанд, ки на аз байн раваду на махлут бишавад. Имрӯз ҳам ин ҳамон ТОҶИК аст!
Дар вазъияти кунунии марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки қирғизҳо аз ҳар самти сарҳад бар сар задани муноқишаҳои ҷангӣ қадаме мегузоранду баҳри соҳибмулк гардидани замини бобоии мо саъй доранд, ҳар як сокини мамлакат рисолати ватандории худро аз даст надода баҳри ҳимояи марзу бум биҷангиду мавқеи худро нишон дода тавонист, ворисони ҳимоятгарони асили таърихӣ буданашонро ҳам марзбонон ва ҳам паҳлавонони халқӣ тасдиқ намуданд!
Макру фиреб, ғасбу ғорати аз ҷониби қирғизҳо дар маконҳо марзӣ таҳдид кунандаро муддате таҳаммул намудем, гуфтем, ки аз одоби ҳамсоягиву инсонгароӣ нест, ҷангу низоъ вале ин ҳамсоягон шояд аз кӯчаи тамаддуни волои тоҷикон огоҳ набошанд, ки моро “боми пастак” пиндоштанду тамасхӯриро давом доданд. Магар мо ба ҳама гуна таҳқиру тамасхӯрии як залқи бодиянишини кӯчманчӣ ҷавоб дода, заминҳои худро баргардонида наметавонем? Мо метавонем! Мо аз ӯҳдаи ҳимояи ин марзу бум мебароему рисолаи тоҷиконаи худро ҳаргиз аз даст намедиҳем!
Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдори кардан чи асту ин хок барои мо чи аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Ин заминҳо аз бобову бобокалонҳоямон мондааст, бояд ҷониби қирғиз ба даъвоҳои бе мантиқу бе асос ва ба хушунату муноқишавӣ хотима дода, заминҳое, ки замоне ба иҷора гирифта буданд, баргардонад!
Шарифзода М.