Дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ сипарвористодагарӣ менамоем!
Яке аз масоили доғи рӯз дар ҷомеаи муосир ин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шомилшавии шаҳрвандон ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки вақтҳои охир аз бемасъулиятии як қисми волидон ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан хонандагон бо сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернет ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шуда, даст ба ҷиноят мезананд.
Воқеан имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи ифротишавии сокинони мамолики мухталифи ҷаҳон мубаддал шудааст. Ба воситаи интернет маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд.
Аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъшуда пинҳонӣ ё ошкоро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Вайбер”, “Одноклассники”, “Твиттер” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявиро бо роҳи фиреб даъват намуда, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд. Аз ин лиҳоз, дар ин самт шаклу усулҳои нави корбарии мубориза бо гурӯҳҳои тундравро дарёфт намуда, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод. Пешвои муаззами миллат таъкид сохта буданд, ки «яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».
Маъмулан надоштани саводи кифояи динӣ ва паст будани дониши сиёсӣ сабаб мешавад, ки ҷавонон фирефтаи ақидаҳои экстремистӣ шуда, ба сафи гурўҳҳои ифротӣ пайванданд. Омили дигари гароиши ҷавонон ба ақидаҳои экстремистӣ паст будани саводи расонаӣ унвон мешавад.
Надоштани саводи баланди расонаӣ, огоҳ набудан аз фарҳанги истифодаи интернет ва воситаҳои иттилоотию иртиботӣ сабаб мешавад, ки мардум, бахусус ҷавонон гумроҳ шуда, ба гурўҳҳои ифротӣ шомил шаванд. Раванди ҷаҳонишавии муосир зарурият пеш овардааст, ки таваҷҷўҳ ба мафҳуми “саводи расонаӣ” бештар гардад ва мардум бо тафаккури интиқодӣ ба иттилоот муносибат намоянд.
Дар шароити имрўза давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурўҳҳои алоҳида барои пешбурди манфиатҳои худ муборизаи иттилоотиро ба муқобили ҳамдигар беш аз пеш вусъат медиҳанд. Ҷаҳонишавӣ ва муборизаву бархўрди тамаддунҳо амнияти миллии кишварҳоро зери суол мебарад.
Маврид ба зикр аст, ки амнияти иттилоотӣ падидаи нав набуда, ҳанўз аз замони пайдоиши давлат дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва муборизаву бархўрдҳои нерўҳои гуногун барои манфиатҳои мухталиф имрўз масъалаи амнияти иттилоотро беш аз пештара мубрам намудааст. Амнияти иттилоот ҷараёни таъмини махфият, мукаммалӣ ва дастрасии иттилоот мебошад, ки омили муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир рушди шабакаҳоикоммуникатсионӣ ва авҷ гирифтани ҷанги иттилоотӣ моро зарур аст, кинисбат ба ин раванд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ ва таҳвил мегарданд, сипарвористодагарӣ намоем. Зеро дар ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, нақши ҳар як шаҳрванд муассир унвон мешавад.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос ДДХ