​То кай даъвоҳои беасос….?

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои бесару сомон ва орӣ аз мазмуну мўхтавову мақсади намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро мутоила мекунӣ, намедонӣ чи хулоса барориву ба кӣ бовар намоӣ. Аъзоёни собиқ ҲНИ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнўъ шуморида шудааст, шояд аз оворагиву мусофирату лаббайгўиҳо ба хоҷагони худ хаста шуда бошанд, ё пешравиву дастовардҳои миллати тоҷикро дида наметавонанду бинобар ин дар ким кадом гўшаҳои дунё нишаста сафсатаву дурўғу таҳдидҳои беасосу муқоисаҳои хандаоварро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд.

Дар ин росто, мусоҳибаҳои дуруғини М.Кабириву маводҳои пур аз фасоди Муҳаммадиқболро номбар кардан кифоягӣ накунад, зеро ин нафарони бешараф тариқи мағзшӯӣ бархе аз нафарони муҳоҷире, кисолҳо аз кишвар берун ҳастанду аз вазъу пешравии ин сарзамин бехабар ҳастанд ба доми худ афтодаву суханбозиҳои зиёдеро рӯи навор оварда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мекунанд. Ин ҳама амалҳои муғризонаи ин бешарафоне, ки ҳизби наҳзат аз худ боқӣ гузоштааст ба ҷуз мардумфиребиву гумроҳӣ дигар амалеро намебинем. Ин ҳама рафторҳои ношоистаи ин хоинонро танҳо ҷанг, ҷанги иттиллоотӣ номгузорӣ намудан шояд басандагӣ накунад, инро бо дигар ном террор ҳам гуфтан ҷоиз аст. Терроре, ки тариқи дуруғу буҳтон сӯи кишвари осоишта равона шудаасту амнияти мардумро халалдор месозад! Вале ин бешарафон дар маводҳои фасодноки худ бонгу таъкид медоранд, ки гӯиё амалу ҳаракати онон танҳо ба хотири аз байн бурдани террор, ободии ватан ва рӯй ба тараққӣ гирифтани давлат асту халос! Нияти нопоки худро бо ободии кишвару осоиштагии мардум рӯйпӯш намудан худ бешарафист!

Албатта, мубориза бо терроризм мақсади мардуми сайёра гардидааст ва имрўзҳо ҳамагон, аз ҷумла мардуми шарифи тоҷик кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки домани ин падидаи хатарнок васеъ нагардад. Агар мақсаду нияти «наҳзатиён» низ мубориза бо терроризм бошад, илтимос аз рўи одоби одаму одамгарӣ, бериёву бекинаву бетўҳмат ва рўиросту мардона бояд фаъолият намоянд.

Ба худ иқрор шавед, ки дар ин роҳ пурпечутоби расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва рӯй ба тараққӣ гирифтани кишвар чи кореро ба анҷом расонидед? Кадом хиштеро ё ақалан кулӯхеро аз ҷояш бардоштед? Кадом маконеро обод намудед? Барои мо аз осмон ситора лозим нест!!! Моро ободиву осудагӣ лузум ҳасту халос!

Ором бошед! Давъвоҳои беасосу пур аз фаҳшу фасоди худро як сӯ гузореду барои дарёфти ризқу рӯзии худ бо моли ҳалол кӯшиш кунед! Ноне, ки барои ин маводҳои бешарафонаи шумо хоҷагонатон медиҳанд, аминам, ки ҳаргиз ҳалол нест!!!!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ