Ҳақиқати бебаҳс: Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст
Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қиргизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд, онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намоянд. Ҳамин сарусадо, ки ахиран дар муносибат ба рустои Ворух баён гардид, бори дигар водор сохт, ки бо такмили ин матлаби қаблан нашршуда боз ҳам матолибе дар асоси навиштаҳои донишмандони хориҷӣ биафзоем, ки ҳамагӣ ҳақиқати таърихии яке сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад.
Дар навбати аввал, ин нукта равшан ва бебаҳс аст, ки ҷониби Қирғизистон бидуни ягон асос ва ё санадҳои дар ихтиёрдошта даъвои заминҳои мазкур мекунанд, ё агар ҳам далеле доранд, ишорат ба ҳамон марзбандиҳои маснуъии соли 1924 мекунад. Маълум аст, ки дар соли 1924 ҳангоми тақсимоти ҳудудӣ дар Осиёи миёна аз ҷониби Ҳукумати Шуравӣ масъалаи мавҷудияти халқи тоҷик зери суол бурда шуд. Ҳатто донишмани маъруф ва муаррихи номвар Бартольд В.В. дар кори таҳқиқотии арзишманди хеш дар бораи тоҷикон чунин навиштааст: “Вақте ки соли 1920 Конститутсияи Ҷумҳурии Туркистон тасдиқ карда шуд, он гоҳ қавмҳои асосӣ ё решагии минтақа қирғизҳо, ӯзбекон ва туркманҳо дониста шуда, ҷойгоҳи тоҷикон фаромӯш шуд”.
Аммо руҷуъ ба сарчашмаҳои сарчашмаҳои куҳани таърихӣ собит мекунад, ки ин манотиқ маҳалли зисти аҳолии тоҷиктабор буда, ҳатто номи он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки аслан аз ҳамин марзҳо баромада, дар интишори забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд ва сарзаминҳои дигар нақши муассир гузоштаанд, метавон дар шинохти ҳаққи таърихии хеш даъвоҳое бар пояи асосҳо ва мабоҳиси илмӣ дошта бошанд. Ҳатто агар ба таркиби луғавии ҳамин номи шаҳри “Боткенд”, ки дар асл вожаи суғдии “Бодканд” берун омада, ба маънии шаҳри бод истифода мешавад. Дар қаламрави таърих ва бегумон ягона меросбарони забон ва фарҳанги суғдии марзҳои Фароруд тоҷикон ҳастанд, ки ҳақи комили соҳиби ин мерос буданро доранд. Нуктаи дигари қобили таъкид он аст, ки Ботканд дар гузашта шомили устони Уш будааст. Дар бораи шаҳри Ӯш дар яке аз қадимтарин асарҳои ҷуғрофии асри Сомониён “Ҳудуд ул –олам” дақиқан ба шаҳри тоҷикнишин будани он чунин ишорат рафта: “Ӯш ҷое ободон аст ва бисёрнеъмат ва мардумоне ҷангӣ ва ба барокӯҳ ниҳодааст. Ва бар ин кӯҳ посбон аст ва дидабон аст, ки кофири туркро нигоҳ дорад”. Дар қаламрави ин навоҳӣ ва манотиқи дигар садҳо номҳои тоҷикӣ ҳастанд, ки то имрӯз побарҷо буда, худ таърихан ба қаламрави тоҷикон пайванд доштани онҳоро ба субут мерасонад.Фузун бар ин, яке аз орифон ва шоирони номовари тоҷик, ки аслан аз ин шаҳр бархоста, Қутбиддин Бахтиёри Кокии Ӯшӣ мебошанд, ки солҳо дар интишори забону адабиёти тоҷикӣ ва ирфон дар қаламрави Ҳинд нақши муассир гузошта. Ҳатто донишварон аз таъсири ашъори ӯ ба Ҳофизи Шерозӣ низ изҳори назар намудаанд. Чандин нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии Девони ашъори тоҷикии ӯ имрӯз дар китобхонаҳои Ҳинду Покистон маҳфузанд.
Бармегардем ба мавзӯи Ворух. Дар матбуоти даврии Қирғизистон ва расонаҳои электронии он имрӯз сару садоҳое ҳам ҷой доранд, ки деҳаи Ворухро анклав меҳисобанд ва онро дар гузашта марзи ин кишвар меҳисобанд. Дар асл ин як даъвои беасос аст. Аз тарафи дигар, ин иддао таҳрифи рӯйрости таърих аст, чун садҳо далелҳои таърихӣ ҷой доранд, ки ҳатто дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузурги тоҷикнишин буда, ки дар тобеияти он навоҳии зиёде қарор гирифта, ки аз ҷумлаи онҳо Суху Ҳушёриву минтақаҳо будааст. Аз нигоҳи забонӣ ҳам яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳантарин вожаҳои тоҷикии аҳди сомонӣ, нахустин давлати тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунанд. Роҷеъ ба вожашиносии Ворух дар донишномаи электронии озоди “Википедия” чунин омадааст: “Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда»-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ ситуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони Н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад”...
Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ