Изҳорот: Ба Афғонистон сулҳи комил мехоҳем
Тавре ба щамагон маълум аст терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногун зоҳир месозад.
Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд,ин нерўи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.
Дар асоси маълумоти коршиносони мўътамад дар ҷаҳон беш аз500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, кибештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунанд. Дар кишварҳои мусалмонии Афғонистон, Сурия ва Ироқ ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли бераҳмонаи оммавӣ даст зада истодааанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.
Нишонаи ин аъмоли гурўҳҳои ифротгароро воқеаҳои солҳои гузашта рухдода исбот месозанд.Масалан соли 2015 бар асари амали террористӣ кушта шудани 23 нафар сайёҳ дар осорхонаи Бардои давлати Тунис ё пайдо гардидани қабри умумӣ дар Нигерия, ки дар он 75 нафар ноҷавонмардона ба қатл расидаанд, намунаҳои ошкорои рафтори даррандавори ҳаракати террористии «Боко Ҳарам» аст.
Ҳоло аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки дар кишвари ҳамсоя Афғонистон гурғҳҳҳои террористӣ даст ба қатлу куштор мезананд.
Мо ҷавонон ин амали ноҷавонмардони гурӯҳҳои террористиро маҳкум намуда, мардуми шарифи Афғонистонро барои расидан ба сулҳи комил даъват менамоем.
Шаҳрзод Баҳорӣ