​ДДХ: Устодон соҳиби сертификат шуданд

2 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи Барномаи байналмилалии таълиму таҳсилоти калонсолон (Curriculum globALE) соҳиби тахассус гардиданд.

Ҳамин тавр Фаридун Ҳодибоев – сардори Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент ва Темурҷон Каримов – мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳаҷми 660 соат бо муваффақият хатм намуда, соҳиби тахассуси “Мураббӣ” шуданд.

Курси омӯзишӣ аз ҷониби DVV International дар шарикӣ бо Ассотсатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ